Муҳоҷирони экологӣ қарзҳоро бармегардонанд

[:tj]Бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи баландкўҳи Шаҳристон имрўзҳо ҷиҳати ҳалли мушкилоту муаммо ва дигар масоили вобаста ба муҳоҷирати экологӣ корҳои муайян ба иҷро расида истодаанд. Аз ҷумла маблағи қарзҳои имтиёзноки муҳлаташон баохиррасида, ки ба муҳоҷирони экологӣ солҳои 2007 – 2012 дастрас шудаанд, тибқи иттилои филиали БДА “Амонатбонк” пурра ба хазинаи давлат баргардонида шуда, имрўзҳо муҳоҷирони экологии соли 2013 қарзҳои имтиёзноки муҳлаташон баохиррасидаи худро бозпас гардонида истодаанд.

Чуноне ки мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Шаҳристон Охун Тўйчиев иброз дошт, шумораи умумии ин муҳоҷирон 9 оиларо дар бар мегирад ва то имрўз 4 оила маблағи қарзи имтиёзнокии гирифтаашонро пурра, 1 оила зиёда аз 60 фисад баргардонида, 4 оилаи боқимонда охири моҳи равон ба баргардонидан оғоз мекунанд.

Лозим ба қайд аст, ки маҳз ба хотири саривақт ба хазинаи давлат баргардонидани қарзҳои имтиёзноки мўҳлаташон ба охиррасида дар вилояти Суғд ситоди вилоятӣ ташкил шудааст.

                                                                               Бахши Хадамоти муҳоҷират                                                                                             дар ноҳияи Шаҳристон[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо