Муҳоҷирон огоҳонида мешаванд

[:tj] 

 

Дар самти огоҳ намудани шаҳрвандон,  аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо аз хатарҳои ҷаҳони муосир, ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим ва фаҳмонидани қоидаҳои муҳоҷирати бехатар Муассисаи давлатии «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Хуҷанд низ корҳои муайянро ба анҷом мерасонад.

Чунончи, семинар – машварате, ки бо ибтикори муассисаи давлатии мазкур дар қаҳвахонаи «Хушбахтӣ» бо иштироки Комилов Ф. – директории Маркази пешгирӣ ва мубориза бо БПНМ, Сатторов Б. – директории Маркази наркологӣ, Хоҷаева З. директории Маркази тарзи «Ҳаёти солим», Саломов Д. намояндаи Раёсати кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Меҳмонова Раъно намояндаи Маркази солимии репродуктивӣ, Каримов С. Директории ташкилоти ҷамъиятии «Дина» доир гардид,  дар доираи татбиқи лоиҳаи «Ҷавонони вилояти Суғд барзидди маводи нашъаовар» гузаронида шуд.

Дар рафти семинар-машварат Сатторов Б. оид ба дараҷаи нашъамандӣ дар байни ҷавонон, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ, ҳамчунин оқибатҳои истифодаи маводҳои нашъаовар, роҳҳои пурзӯр намудани ҳамкории корхонаҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ ҷиҳати пешгирии нашъамандӣ байни ҷавонон суханронӣ намуд. Дар ин радиф Комилов Ф. диққати аҳли толорро ба мавзӯи паҳншавии ВНМО байни ҷавонон, ҳамчунин байни шахсоне, ки маводҳои нашъовар истеъмол мекунанд, ҷалб кард.

Зимни суханрониаш машваратчии калони МД «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари  муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Хуҷанд Ҳошимова У. вобаста ба таҳкими ҳамкорӣ бо муассисаҳои тиббие, ки ба пешгирӣ ва табобати касалиҳои ВМНО ва сил машғуланд,  ибрози назар намуда, пешниҳод кард, ки ҷиҳати ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои иттилоотӣ – маърифатӣ бо ҷалби ҳарчи бештари муҳоҷирони меҳнатӣ чораҳои қатъӣ андешида шаванд.

Дар ин радиф Муассисаи давлатии «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Хуҷанд аксияи муштаракро дар ҳамкорӣ бо муассисаву ташкилотҳои болозикр дар назди бозори «Сомониён»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров доир намуд.

Бино ба иттилои масъулин ва ташкилкунандагон мақсад аз иқдоми мазкур иҷрои супоришу вазифагузориҳои Вазири меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сардори Хадамоти муҳоҷират вобаста ба роҳандозии корҳои таблиғотӣ ва ташвиқотӣ байни аҳолӣ,  алалхусус муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо мебошад.

Дар доираи чорабинӣ ба ғайр аз тариқи маърӯзаҳо ба шаҳрвандон фаҳмонидани роҳҳои пешгирию мубориза алайҳи бемориҳои сироятӣ ва воридгардидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро чанд номгӯй маводҳои ташвиқотию тарғиботӣ ба шаҳрвандон тақсим гардид. Ҳамчунин нафарони хоҳишманд тариқи лабораторияи сайёр аз ташхиси ройгони тиббӣ гузаштанд.

 

                                                                                     Мардон ҚУРБОНОВ

 

 [:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо