Муҳоҷирон огоҳонида мешаванд

[:tj]    

 

Дар самти огоҳ намудани шаҳрвандон, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо аз хатарҳои ҷаҳони муосир, ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим ва фаҳмонидани қоидаҳои муҳоҷирати бехатар  шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ишкошим корҳои муайянро ба анҷом мерасонад.

Аз ҷумла, 7 январи соли равон дар деҳаҳои Яхшивол ва Сумҷини Ҷамоати  деҳоти ба номи Р. Юсуфбеков бо фарогирии зиёда аз 100 нафар сокинони ҷамоат доир ба пешгирии воридшавии ҷавонон ба гуруҳҳои экстермистӣ ва террористӣ, оид ба будубоши муҳоҷирони меҳнати дар Федератсияи Россия ва пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла вируси норасоии масъунияти одам (ВНМО), бемории сил ва ғайра суҳбату вохўриҳо баргузор намуданд.

Чунин як ҳамоиш бо толибилмони синфҳои 10-11 ва омўзгорони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 23 ба номи И. Самарқандиеви ноҳия доир намуданд.

Дар назди ҳозирин мудири шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ишкошим З. Зеваров доир ба хатарҳои сироятёбӣ аз бемории вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) дар раванди муҳоҷират, воситаҳои пешгирӣ, ташхису табобати он, навигариҳо дар қонунгузории Федератсия Россия вобаста ба муҳоҷират, воридшавии ҷавонон ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро, оид ба ҷойҳои холӣ ва таъсиси ҷойҳои  нави  кор, додани қарзҳои имтиёзнок ба бекорон, ҷалб намудани шахсони бекор  ба  забономўзӣ ва касбомўзӣ суханронӣ намуд.

Вохўрӣ бо мубоҳиса ва саволу ҷавоби ташкилкунандагону иштирокдорон анҷом пазируфт. Дар  охир  ба  аҳли толор маводи иттилоотӣ таҳти унвони «Солим  бошӣ,  пул  ҳам дарёфт мекунӣ» оид ба пешгирии касалиҳои  ВНМО ва сил дастрас гардид.

 

                                                                   Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират

                                                                                 дар ноҳияи Ишкошим  [:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо