Боздиди намояндагони ВАО аз Хадамоти муҳоҷират

      Бо дархости Ташкилоти ҷамъиятии «Хома» дар ҳамбастагӣ бо  Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои намояндагони васоити ахбори омма пресс-тур ташкил шуд. Онҳо 15 апрели соли равон аз фаъолияти МД «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Душанбе ва дастгоҳи марказии Хадамоти муҳоҷират дидан намуданд.

      Дар рафти шиносоӣ хабарнигорон бевосита дар бораи фаъолияти дастгоҳи марказии Хадамот ва Маркази машваратӣ маълумот гирифта, аз ҳуҷраии кории қабули шаҳрвандон ва рафти кори онҳо аз наздик шинос шуданд. Аз ҷониби масъулин ба саволҳои сершумори хабарнигорон ҷавобҳои мушаххас дода шуд.

      Дар фарҷом рӯзноманигорон барои баргузории чунин чорабинӣ ва пешниҳод намудани маълумоти муфассал дар бораи равандҳои муҳоҷират, тартиби қабул ва маслиҳатдиҳӣ ба муҳоҷирон ва фаъолияти МД «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Душанбе изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо