Натиҷагирӣ аз фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ «Муҳоҷир»

[:tj]Тибқи ҷадвали кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократи Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур дар толори  Хадамоти муҳоҷират  мачлиси ҳисоботӣ – интихоботии ташкилоти ибтидоӣ «Муҳоҷир» дар нўҳмоҳаи соли 2019 бо иштироки аъзоёни ташкилоти ибтидоӣ ва фаъолони ҲХДТ баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Вализода Муҳаммад ширкат варзиданд.

Аз рўи масъалаи аввали рўзнома  «Ҷамъбасти фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ ҲХДТ «Муҳоҷир» дар нўҳмоҳаи соли 2019»  раиси  ташкилоти ибтидоӣ Тоҳир Каримзода маърўза намуда, оиди ҳамаи паҳлуҳои самтҳои фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар нўҳмоҳа муфассал ҳисобот дод.

Вализода Муҳаммад ба фаъолияти нўҳмоҳаи ташкилоти ҳизбӣ баҳои хуб дода қайд карданд, ки ташкилоти ибтидоӣ дар ноҳияи Шоҳмануср яке аз ташкилотҳои намунавӣ ба ҳисоб меравад. Ў барои боз ҳам вусъат додани корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ, амалигардонии ҳадафҳои созандаи Барнома ва Оинномаи ҲХДТ  ба ҳозирин вазифагузорӣ намуд.

Дар ҷаласа ба фарогирии масъалаҳои ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоӣ, интихоби раису муовин ва интихоби вакил ҷиҳати иштирок дар Конференсияи 29-уми ҳисоботӣ-интихоботии ташкилотҳои ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур мавриди баррасиву муҳокима қарор гирифта тасдиқ карда шуд.

Раиси ташкилоти ибтидоӣ «Муҳоҷир» аз нав Тоҳир Каримзода ва  муовини раиси ташкилоти ибтидоӣ Зубайда Кенҷаева интихоб гардиданд. Вакил ба Конференсияи 29-уми ҳисоботӣ-интихоботии ташкилотҳои ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Шамшод Исмоилов интихоб гардид.

Бояд гуфт, ки ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) «Муҳоҷир» 71 нафар аъзо дорад. Раисии ташкилоти ибтидоии ҳизбиро сардори Хадамот Тоҳир Каримзода ба ўҳда дорад. Роҳбарияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ тасмим гирифтаанд, ки шумораи аъзои ҳизбро аз ҳисоби кормандони ҷавони Хадамоти муҳоҷират боз ҳам зиёд намоянд.

                                                                                          Анвар ЮСУПОВ

 

 

 

 [:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо