[:tj]
13 январ дар толори маҷлисгоҳи Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ маҷлиси Шӯрои Хадамоти муҳоҷират оид ба ҷамъбасти фаъолияти соли 2020 ва вазифаҳои минбаъда барои соли 2021 баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нодирӣ Шаҳноза Анвар, сардори Раёсати муҳоҷирати аҳолӣ вазорат Самадов Баҳром, сардори Хадамоти муҳоҷират Каримзода Тоҳир, муовини сардори Хадамот, инчунин сардорон ва муовинони раёсатҳо, шуъбаҳо ва сохторҳои зертобеи он дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, директорони МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар ш. Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон ва ВМКБ иштирок намуданд.
Дар баромадаш сардори Хадамот, аз ҷумла, қайд намуд, ҷиҳати такмил ва рушди низоми қонунгузории соҳаи муҳоҷират ва фароҳам овардани заминаи ҳуқуқию ташкилӣ аз ҷониби Хадамот дар ҳамбастагӣ бо Раёсати муҳоҷирати аҳолии вазорат, лоиҳаи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро “Дар бораи муқаррар намудани квотаи муҳоҷирати хориҷӣ ва ҷалби қувваи кории хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо теъдоди 7500 нафар барои соли 2020” ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муҳоҷират”-ро дар таҳрири нав таҳия ва мувофиқа намуда, ҷиҳати баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуд.
Инчунин, Хадамот бо мақсади танзими масъалаҳои муҳоҷирати дохилӣ ва экологӣ, ҷиҳати муайян намудани дурнамои муҳоҷирати дохилии аҳолӣ, банақшагирӣ ва ҳалли мушкилоти дар ин самт ҷойдошта, аз ноҳияҳои камзамин ва сераҳолии кӯҳистон ба водиҳои дорои заминҳои бекорхобидаи ҷумҳурӣ кӯчонидани муҳоҷирони дохилӣ, беҳтар гардидани инфрасохтори деҳот, рушди соҳаҳои хоҷагии қишлоқ ва паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ, инчунин пешгирии ҳодисаҳои номатлуби табиӣ ба мавзеъҳои бехавф кӯчонидани аҳолӣ, аз минтақаи зериобмонии Нерӯгоҳи барқии обии Роғун кӯчонидани аҳолии шаҳри Роғун ва ноҳияи Нуробод, дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷиҳати иҷрои саривақтии қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муҳоҷирати дохилӣ ва экологӣ тадбирҳои амалӣ андешида, аз аввали соли ҷорӣ як қатор корҳоро ба анҷом расонид.
Бояд зик кард, аз ҷониби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ташкилоти байналмилали “Ҳайати шавкат” сомонаи нави Хадамоти муҳоҷират ва замимаи мобилии “Роҳнамои муҳоҷир”-ро коркард намуд. Қобили қайд аст, ки замимаи мобилӣ фарогири муҳимтарин маълумот ва ахбор барои муҳоҷирон буда, аз се қисми таркибӣ иборат аст: “Қабл аз муҳоҷират”, “Дар давраи муҳоҷират” ва “Баъд аз муҳоҷират”. Ҳамагӣ бо як бор ройгон боргирӣ намудани замимаи мобилӣ, муҳоҷир метавонад онро дар тамоми раванди муҳоҷират истифода барад, зеро ин ҷо буклету варақаҳои таблиғотӣ, китобчаҳову шарҳи қонунҳо ҷойгир карда мешаванд. Тамоми маълумоти муфид, аз ҷумла тартиби тариқи Интернет аз ҷониби худи муҳоҷирон санҷидани ҳолати манъи вуруд, суроға ва рақамҳо барои тамос бо сохторҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, намояндагии вазорат дар Федератсияи Россия, Марказҳои диаспораҳо ва сафорат ҳангоми ба вуҷуд омадани саволҳо ҷой дода шудаанд.
Сомонаи нави Хадамот дар суроғаи infomuhojir.tj фаъол аст ва он нисбат ба замимаи мобилӣ маводи бештарро дар бар мегирад. Бо истифодаи ин сомона муҳоҷирон метавонанд ҳама гуна маълумоти лозимиро дастрас намуда ва ҳатто ҳангоми наёфтани ҷавоб ба саволҳои худ мустақиман ба масъулони сомона муроҷиат кунанд. Барои ин функсияи “Доимо бархат” (“Горячая линия”) фаъол мешавад, ки тавассути он истифодабарандагони ҳам ба сомона ва ҳам ба замимаи мобилӣ метавонанд саволҳои худро пешниҳод намоянд. Минбаъд, ҳангоми бурдани корҳои иттилоотӣ ва фаҳмондадиҳӣ байни муҳоҷирон аз ҷониби сохторҳои Хадамоти муҳоҷират тарзи боргирӣ кардан ва истифода аз замимаи мобилӣ фаҳмонида мешавад. Нуқтаи назари муҳоҷирон – истифодабарандагонро омӯхта, дар лаҳзаҳои лозимӣ ба замима ва сомона тағйиротҳо ворид карда мешаванд.
Ҷорӣ намудани сомонаи нави Хадамоти муҳоҷират ва замимаи мобилии “Роҳнамои муҳоҷир” барои дастрас намудани бештари маълумоти иттилоотӣ дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд.
Сипас, ҳисоботи сардорони раёсатҳои Хадамоти муҳоҷират дар ВМКБ, Суғду Хатлон, инчунин шуъбаву бахшҳои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва директорони Марказҳои машваратӣ оид ба фаъолияти солона ва камбудиҳои ҷойдошта шунида шуд.
Дар фарҷоми ҷаласа муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нодирӣ Шаҳноза Анвар дар бораи мушкилот ва ҳали проблемаҳои ҷойдошта дар самти муҳоҷирати дохилӣ ва экологӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, ҷамъоварӣ ва коркарди маълумотҳои оморӣ, омӯзиши бозори меҳнати хориҷа, беҳтар намудани фаъолияти Марказҳои машваратӣ, ҷоннок намудани кор бо ширкатҳои интиқоли муҳоҷирони меҳнатӣ, ташкили курсҳои тахассусӣ, пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва иттилоотӣ оид ба воридшавии онҳо ба ҳар гуна ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ва дигар ибрози ақида намуд.
Анвар ЮСУПОВ
[:]