[:tj]
Кормандони шуъбаи қабул ва маслиҳатдиҳӣ ба муҳоҷирони меҳнатии Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе дар чор моҳи соли ҷорӣ 62 вохӯрӣ бо иштироки 662 нафар шаҳрвандон-муҳоҷирони меҳнатии эҳтимолӣ оид ба тағийру иловаҳо ба қонунгузориҳои давлати қабулкунанда дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ сӯҳбатҳо гузарониданд.
Дар мулоқотҳо ба шаҳрвандон-муҳоҷирони меҳнатӣ таъкид карда мешавад, он нафароне аз хориҷи кишвар бармегарданд, бо назардошти солим нигоҳ доштани вазъи саломатии оилаашон ҳатман аз муоинаи тиббӣ гузаранд.
Ҷомеаи ҷаҳони имрӯза зери таъсири пайвастаи ахбороти иттилоотӣ ва пешрафти навигариҳои илму техника, ҳамчунин иқтисодиёт қарор дошта ин раванд талабот ба мутахассисони баландихтисоси замонавиро руз то руз тақозо дорад. Пешрафту шукуфоиро бе донишу маърифат наметавон тасаввур кард.
Қисме аз мамолики пешқадами дунё бо фарогирии нерӯҳои ақлонию эҷодӣ мушкилоти молиявиро ҳал намуда бошанд ҳам, аз нигоҳи падидаҳои номатлубе, мисли бемориҳои сил, нашъмандию ВНМО (ВИЧ –СПИД) изҳори нигаронӣ менамоянд, зеро давра ба давра зиёд гардидани шумораи он назби ҷомеаро халалдор намуда, сиҳатии насли минбаъдаро зери хатар мегузорад.
Мутаассифона, ин мушкилоти аср дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба мушоҳида мерасад. Бар асари муҳоҷирати меҳнатӣ, бекорӣ ва масъулиятшиносии нокифояи қисме аз ҷавонон аллакай хатари зиёд шудани нашъамандону гирифторони бемориҳои норасоии масунияти бадан (ВИЧ-СПИД) ва сил руй ба афзоиш дорад.
Аз ин лиҳоз, ҷиҳати пешгирии саривақтӣ ва коҳиш намудани шумораи беморон, инчунин ба роҳ мондани баҳисобгирии шумораи аниқ бо назардошти афзоишёбӣ зарур аст, ки пеш аз ҳама бозори бо кор таъминкунӣ дар ҷумҳурӣ пайваста бо ташкил ва таъмини ҷавонон ба ҷойи кор машғул бошанд.
Ҳаминтариқ, шарти аввал сари вақт ба ҷои кор таъмин намудани ҷавонон мебошад, зеро ҷавонони бекор дар фурсати давраи гузариш аз як марҳилаи ҳаёт ба дигар, ба моҳияти амал чандон сарфаҳм намераванд.
Дигар ташкили мизҳои мудаввар, вохӯриҳо, намоишҳои мавзуни телевизионӣ, барномаҳои радиоӣ, тарғиб аз тариқи матбуоти даврӣ роҳҳои паст кардани сатҳи афзоиши ин ду падидаи номатлуб аст. Пас барои расидан ба мақсад ҳамагон бояд ҷиҳати решакан кардани нашъамандӣ ва ВИЧ-СПИД тадбирҳои мушаххас биандешем.
Инчунин зимни вохӯриҳо бо муҳоҷирони меҳнатии эҳтимолӣ ва умуман шаҳрвандоне, ки ба Раёсат ташриф овардаанд, аз натиҷаи сафари расмии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Россия корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд. Аз ҷумла, дар вақти суҳбатҳо қайд карда шуд, ки 16 апрели соли равон, дар шаҳри Москва дар доираи сафари расмӣ Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз фурсати муносиб бо роҳбарони ҷамиятҳои тоҷикон, олимону муҳаққиқон, донишҷӯёну аспирантҳо, соҳибкорон, мутахассисони соҳаҳои гуногуни иҷтимоиёт – зодагони Тоҷикистон, ки дар Россия кору зиндагӣ ва таҳсили илм мекунанд, мулоқот анҷом дод.
Фирдавс Бозоров
сармутахассиси Раёсати Хадамоти муҳоҷират
дар шаҳри Душанбе[:]