[:tj]
Дар иртибот, ба масъалаҳои муҳоҷирати экологӣ бояд зикр кард, ки масъалаҳои мазкур яке аз муҳимтарин самти сиёсати иҷтимоии ҷомеаи навини мо мебошад ва пайваста дар мадди назари Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо аз ҷумла, Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ қарор дорад.
Дар ин замина, бо мақсади таъмини иҷрои саривақтии қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 ноябри соли 2016, № 506 «Дар бораи Нақшаи миёнамуҳлати муташаккилона кӯчонидани муҳоҷирони экологӣ барои солҳои 2017 – 2020» қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 11 июни соли 2019, №338 «Дар бораи Нақшаи миёнамуҳлати муташаккилона кӯчонидани муҳоҷирони экологӣ дар соли 2019» ба имзо расид.
Ҳамзамон, аз ҷониби раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе ҷиҳати таъмини иҷрои муқаррароти қарорҳои номбурда як зумра корҳо ба анҷом расонида шуданд. Аз ҷумла, рӯзи 17 декабри соли 2019 дар бинои раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе ҷаласаи аъзои гурӯҳи кори Комиссияи маҳаллӣ оид ба муҳоҷирати экологӣ таҳти роҳбарии Сардори раёсат бо иштироки роҳбарони маҳаллаҳои аҳолинишин ва сардорони хаҷагиҳои муҳоҷирати экологие, ки кучонидани онҳо аз мавзеҳои хавфнок ба ҷойҳои бе хавф тибқи нақша дар марҳилаи якум ва дуюм (соли 2017- 2018) ба инобат гирифта шудааст, баргузор гардид.
Дар рафти ҷаласа ба сардорони хоҷагиҳои муҳоҷирони экологӣ моҳияти қарорҳои зикргардидаро фаҳмонида, намояндагони мақомоту сохторҳои дахлдори ноҳияҳои Шоҳмансур ва И. Сомонии шаҳри Душанбе вазифадор карда шуданд, ки барои ҳарчи зудтар кӯчонидани шаҳрвандон аз мавзеҳои хавфноки аҳолинишин ба ҷойҳои бехавф чораҳои зарурӣ андешанд.
М.Қосимова
мутахассиси пешбари бахши муҳоҷирати экологии раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе[:]