Наҷот: Ягона роҳи ғалаба – эмгузаронӣ

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ба таваҷҷӯҳи муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, тоҷикони муқими Федератсияи Россия мерасонад, ки бо мақсади пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории коронавирус дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия нуқтаҳои эмгузаронӣ мутобиқ ба талабот ва меъёрҳои байналмилалӣ фаъолият менамоянд.

Дар шаҳри Москва эмгузаронӣ барои хориҷиён дар Маркази бисёрсоҳавии муҳоҷиратии шаҳри Москва «Сахарово», маркази тиҷоратии «Садовод», варзишгоҳи «Лужникӣ» ва 25 дармонгоҳ (шуъбаҳои пулакӣ) пешбинӣ гардидааст, ки муҳоҷирони меҳнатӣ метавонанд мустақим ва ё ғайримустақим барои эмгузаронӣ муроҷиат намоянд.

Эмгузаронӣ дар шаҳри Москва барои шаҳрвандони хориҷӣ бо вояи яктаркибаи «Спутник – лайт»- и роҳандозӣ карда шуда, арзиши вояи воксина 1300 рубл муодил ба 195 сомонӣ мебошад.

Шаҳрвандоне, ки шаҳодатномаи иқомат (ВНЖ) доранд барои онҳо эмгузаронӣ ба таври ройгон ба роҳ монда мешавад.

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва
шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар
Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо