Нелегал-2018

[:tj]Тибқи Фармоиши якҷояи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди гузаронидани марҳилаи якуми амалиёти махсуси «Нелегал-2018» бо мақсади ошкор намудани роҳҳои муҳоҷирати ғайриқонунӣ, ташкилотчиёни он, мубориза  бар зидди хариду фуруши одамон, пурзўр намудани назорат оид ба риояи коидаҳои будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар ҳудуди вилоят аз тарафи кормандони Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар ВМКБ ва бахшҳои он дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар якҷояги бо кормандони мақомоти корҳои дохила, Раёсати кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ  аз 15-уми май то 23-уми майи соли ҷорӣ як қатор чорабиниҳои профилактикро тибқи нақшаи тартибдодашуда дар ҳудуди ВМКБ амалӣ намуданд.

Аз  ҷумла, аз тарафи мақомотҳои дар боло зикргардида гурўҳҳои корӣ таъсисдодашуда дар бозорҳои марказӣ, нуқтаҳои  буду боши шаҳравандони хориҷӣ, ташкилотҳои хориҷӣ, идораву муассисаҳое, ки дар онҳо шаҳрвандони хориҷӣ кору фаъолият мекунанд, санҷишҳо гузаронданд. Ҳангоми гузаронидани амалиёт ҳамагӣ 101 – нафар шаҳрвандони хориҷӣ таҳти санҷиш қарор дода шуданд. Аз  ин шумора 12–нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон , 25-нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, 10 – нафар шаҳрванди Ҳиндустон,  34- нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Халқии  Хитой, 1-нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Сербия, 4-нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Туркия, 3-нафар шаҳрвандони ИМА, 2-нафар шаҳрвандони Олмон, 10-нафар шаҳрвандони  Русия  таҳти санҷиш қарор дода шуданд.

Дар рафти амалиёт аз тарафи гурўҳҳои корӣ 1 -нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои риоя накардани тартиботи муқараргардидаи вуруди шахсони хориҷӣ ба ВМКБ тибқи қонунҳои  амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии маъмурӣ  кашида шуд.

Аз ҷумла, шаҳрванд Броимшоев Мукарамшо, истиқоматкунандаи ноҳияи Шуғнон  қ. Пашор бо моддаи 470 қ1 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун шахси масъул барои риоя накардани тартиботи муқараргардидаи вуруди шахсони хориҷӣ ба ВМКБ ба маблағи 1500 сомонӣ ҷаримабандӣ карда шуд.

Аз тарафи масъулин сўҳбатҳо бо шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони маъсули қабулкунанда дар самти риояи қоидаҳои будубош аз тарафи шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон  гузаронида шуданд.

                                                           Нуриддин Хайруллоев                                                                                               сармутухассиси Шуъбаи                                                                                           Хадамоти муҳоҷират дар ВМКБ                              [:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо