Бо мақсади татбиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15.09.2011, №АП-1729 санаи 18.01.2016 дар асоси Нақшаи тасдиқнамудаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд нишасти матбуотии Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд доир гардид.
Раёсат бо мақсади додани маълумоти бештар ба кормандони воситаҳои ахбор оид ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2015 варақаи иттилоотии махсус тайёр намуда, дар байни онҳо тақсим намуд. Ҳамзамон дар ҷузвдони махсус ба кормандони воситаҳои ахбор маводҳои конселярӣ, шумораҳои охирини рӯзномаи «Шуғл ва муҳоҷират» ва буклету дастурамалҳо оид ба муҳоҷирати бехатар дастрас карда шуд.
Дар нишасти матбуотӣ кормандони воситаҳои ахбори чопию электронии хориҷӣ, ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва маҳаллӣ иштирок намуданд.
Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии Cардори Раёсат Зайнура Шарифова кушода шуд. Сароғоз номбурда ба таври мухтассар оид ба рафти маҷлисҳои ҳисоботӣ дар Хадамоти муҳоҷират ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дод. Дар идомаи нишаст кормандони воситаҳои ахбор гузориши Сардори Раёсатро оид ба фаъолияти Раёсат дар давоми соли 2015 ва вазифаҳо барои соли 2016 шуниданд.
Пас аз анҷоми баромадҳо дар байни баромадкунанда ва кормандони воситаҳои ахбор саволу ҷавоби озод доир гардид. Дар рафти он Сардори Раёсат ба саволҳои намояндагони нашрияи «Ҳақиқати Суғд» Н. Турсунзода, «Садои мардум» А. Салимзода, «Бонувони Тоҷикистон» Т. Расулзода, «Маорифи Суғд» М. Қурбонов, радиои «Пайванд» Ҷ. Маъруф, радиои «Азия» Қ. Аҳрор ва дигарон вобаста ба масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ ва дохилӣ-экологӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирон ва дурнамои фаъолияти Раёсат посухи мушаххас дод. Дар маҷмӯъ Сардори Раёсат ба 17 саволи рӯзноманигорон ҷавоб гуфт.
Аз ҷониби ширкатҳои телевизионии маҳаллӣ рафти нишасти матбуотӣ барои намоиш додан наворбардорӣ шуд.
Барои дар сатҳи баланд ташкил намудан ва гузаронидани нишасти матбуотӣ кормандони воситаҳои ахбор дар охири чорабинӣ ба Сардори Раёсат миннатдорӣ баён карданд.
Раёсати ХМ дар вилояти Суғд.