Нишасти матбуотӣ доир ба натиҷаҳои фаъолияти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2018

[:tj]26-уми июли соли 2018 дар Маркази  матбуотии ҷумҳуриявии  АМИТ «Ховар»,  воқеъ дар хиёбони Рўдакӣ 40, ошёнаи 2 нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаи фаъолияти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2018 баргузор гардид.

Дар кори нишасти матбуотӣ роҳбарияти вазорат, сардорони агентию хадамотҳои системаи он ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд. Кори нишастро Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷкистон Тағойзода Сумангул Саид оғоз намуда, ба саволҳои хабарнигорон ҷавобҳои мушаххас доданд.

Бояд қайд кард, ки нишасти матбуотӣ мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011 оид ба ташкил ва баргузор намудани нишастҳои матбуотӣ баргузор мегардад.

                                                      Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли

                                                                  аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо