Обуна идома дорад

[:tj]Имрӯзҳо ҷиҳати иҷрои мактуби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23.06.2017, №26.3/1625 дар Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва шуъбаю бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳо корбарӣ идома дорад. Бояд гуфт, ки дар маъракаи обуна ба нашрияи «Шуғл ва муҳоҷират» ва дигар матбуоти даврӣ корхонаҳои муштарак ва ширкатҳои бо ҷалби қувваи кории хориҷӣ фаъолиятбаранда, субъектҳои хоҷагидор, сохторҳои зертобеи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳо, ҳамчунин хизматчиёни давлатии соҳа саҳмгузорӣ карда истодаанд.

Ба ҳолати 6 сентябр ҶДММ КМ «Зарафшон»-и шаҳри Панҷакент, ки кормандонаш ба 100 нусха обуна шудаанд, пешсафи маърака ҳастанд, Ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди «Талко ресурс», «ТБЭА, «Довуд» ва «нафтрасон» 10-нусхагӣ, ҷамъ 40 нусха ба рӯзномаи мазкур обуна шуданд. Ҳамчунин бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Деваштич ва ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ 3- нусхагӣ обуна шуданд. Дар ин радиф  дар ширкатҳои «Ориён Б.Б.», «Нуқрафом», «Довуд-2015», «Зебо -2012», «Маҳсулоти сохтмонии нави тоҷик» ва «Системаи барномаи Суғд» ҳам шумораи муайяни кормандон ба рӯзномаи «Шуғл ва муҳоҷират» обуна шудаанд.

Дар маҷмӯъ шумораи обуна ба ин нашрияи соҳавӣ то 6 – уми сентябр дар вилояти Суғд 163 нусхаро ташкил медиҳад.

                                                                    Раёсати ХМ дар вилояти Суғд[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо