[:tj]Ҳамарўза ба Шуъбаи қабул ва маслиҳатдиҳӣ ба муҳоҷирони меҳнатии Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе даҳо нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ, бахусус сокинони пойтахт муроҷиат менамоянд.
Зимни вохўриҳо бо шаҳрвандон бори дигар таъкид карда мешавад, ки ҳангоми сафар ба Федератсияи Русия мақсади сафарашонро дар корти муҳоҷиратӣ дуруст қайд намоянд. Дар синфхонаи Раёсат бошад бо шаҳрвандон суҳбатҳо гузаронида оиди қонунҳои нави Федератсияи Русия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ қабулгардидаро фаҳмонида, ба онҳо гуфта мешавад, ки қонунҳои давлати қабулкунандаро риоя намоянд. Шаҳрвандон аз надонистани қонуну қоидаи давлати қабулкунанда барои як хатои кучак аз қаламрави он берун карда мешаванд.
Аз ин лиҳоз, аз ҳар як муҳоҷири меҳнатие, ки ба кишвари Русия сафар менамояд, хоҳиш карда мешавад, ки худро барои сафар омода намуда баъд ба роҳ барояд, то ба хатогӣ роҳ надиҳад,
- Носиралӣ Фақиров
- мутахассиси пешбари Шуъбаи қабул ва
- маслиҳатдиҳӣ муҳоҷирони меҳнатии
- РХ дар ш.Душанбе
[:]