[:tj]
Бо мақсади омӯзиш ва натиҷагирӣ аз нуктаҳои муҳими Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 26 декабри соли 2018 ироа гардида буд, дар миёни аъзоёни ташкилоти ҷамъиятии минтақавии «Маркази мадании тоҷикон «Пайванд» дар вилояти Тюмен вохӯрии судманд баргузор шуд.
Тавре роҳбари ташкилоти ҷамъиятии минтақавии «Маркази мадании тоҷикон «Пайванд» дар вилояти Тюмени Федератсияи Россия Абдулло Каримов хабар дод, дар вохӯрӣ иброз гардид, ки Паёми Пешвои миллат ҳамчун роҳнамо ва дастури амиқу дақиқ барои фаъолияти ҳар як шаҳрванди кишвар, бахусус шаҳрвандони бурунмарзӣ баҳри ободонӣ, рушду пешрафт ва шукуфоии ҷумҳурии азизамон нақши муҳим мебозад. Ҳамчунин дар вохӯрӣ иштирокчиён андешаву бардоштҳои хешро аз Паём иброз дошта, таъкид намуданд, ки баҳри амалӣ намудани бандҳои асосии Паёми Сарвари давлат тамоми саъю кӯшиши худро ба харҷ медиҳанд.
Гуфта шуд, ки дар Паём муҳимтарин дастовардҳои соли 2018, ҳадафҳои нави стратегии мамлакат, ташаббусҳои Тоҷикистон дар арсаи байналхалқӣ, аз кишвари аграрӣ — саноатӣ ба кишвари саноатӣ — аграрӣ табдил додани мамлакат, Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намудани солҳои 2019 — 2021 махсус зикр гардидааст. Дар ин росто Паёми Пешвои миллат муҳимтарин самтҳои рушди Тоҷикистонро муайян намудааст.
«Ҳар як шаҳрванди худшиносу ватандӯсти Тоҷикистон барои саҳми шоиста гузоштан дар татбиқи амалии нуктаҳои дар Паём зикргардида масъул аст, мо бояд барои ободию пешрафти ин ватан содиқона фаъолият кунем, зеро Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ гуфтаанд, ки ин Ватанро ғайр аз худи мо каси дигаре обод намекунад», — иброз доштанд аъзоёни ташкилоти ҷамъиятии минтақавии «Маркази мадании тоҷикон «Пайванд».
Анвар ЮСУПОВ[:]