16 июли соли равон бо ташаббуси Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ширкати «ПИК Модул» – и Федератсияи Россия гурӯҳи аввали муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони ҷумҳуриро барои фаъолияти меҳнатӣ ба шаҳри Москва гусел намуданд.
Тавре аз МД «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Душанбе хабар доданд, чиптаҳои ҳавопаймоӣ ба муҳоҷирон аз ҷониби Марказ, ба он шаҳрвандоне, ки аз озмун гузаштаанд, супорида шуд. Айни замон, 180 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар ин ширкат аз озмун гузаштаанд, номнавис шуда омодаи сафаранд. Ин аввалин гурӯҳи муҳоҷирони меҳнатӣ мебошад, ки тавассути ширкати «ПИК-Модул» барои фаъолияти меҳнатӣ ба шаҳри Москва фиристода мешавад. Парвози муҳоҷирон тавассути ширкати ҳавопаймоии «Ют эйр» сурат гирифт.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони ҷумҳуриро намояндагони Маркази машваратӣ ва дастгоҳи марказии Хадамоти муҳоҷират гусел намуданд.
Тибқи иттилои намояндаи ширкати «ПИК Модул» Михаил Гольмаков шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар корхонаи истеҳсоли ҳамомҳои модулӣ дар шаҳри Москва фаъолият хоҳанд кард. Аз тарафи ширкат шаҳрвандони тоҷик бо ҷойи хоб ва маоши хуб таъмин мешаванд. Пардохти маблағи корӣ дар як моҳ ду маротиба (аванс) дода мешавад. Ҳамаи ҳуҷҷатҳои лозима барои фаъолияти меҳнатӣ аз ҷониби ширкат пардохт карда мешавад.
Тибқи анъана, дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Москва шаҳрвандони ҷумҳуриро намояндагони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ва ширкати «ПИК Модул» пешвоз гирифта, бо нақлиёти мусофирбар таъмин намуда, ба ҷойи лозима бурда мерасонад.
Хотиррасон мекунем, ки ширкати сохтмонии «ПИК – Модул»-и Федератсияи Россия ҳудуди 15 сол дар бозори сохтмонии ин кишвар фаъолият мекунад.
Маркази матбуотии Хадамоти муҳоҷират