[:tj]
Рўзи душанбе дар миқёси вилояти Суғд марҳилаи авали амалиёти махсус бо номи шартии «Нелегал – 2019» оғоз ёфт. Лозим ба ёдоварист, ки ташкил ва гузаронидани ин амалиёт чандсол боз ба ҳукми анъана даромада, дар он ба ғайр аз кормандони сохторҳои зертобеи Хадамоти муҳоҷират намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва амнияти миллӣ низ иштирок менамоянд. Мақсади асосӣ аз ташкил ва гузаронидани амалиёти мазкур санҷиши ҳолати риояи қоидаҳои будубош аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави вилояти Суғд, ошкорсозии роҳҳои муҳоҷирати ғайриқонунӣ, ташкилотчиёни он, мубориза бар зидди хариду фурўши одамон, пурзўр намудани муқовимат алайҳи будубоши ғайриқонунии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ҳамзамон ғайриқонунӣ ба фаъолияти меҳнатӣ машғул шудани онҳо дар ҳудуди ҷумҳурӣ ва мусоидат ба ислоҳи камбудию норасоиҳо мебошад.
Дар миқёси вилояти Суғд корхонаҳои муштарак ва ширкатҳои бо ҷалби қувваи кори хориҷӣ фаъолиятбаранда асосан дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Гулистон, Бўстон, Истиқлол, Панҷакент, Конибодом, Айнӣ, Спитамен, Ҷаббор Расулов, Мастчоҳ ва Бобоҷон Ғафуров фаъолият мебаранд. Новобаста ба ин, масъулини сохторҳои зертобеи Хадамоти муҳоҷират дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати ташкил ва гузаронидани санҷишҳои назоратию рейдҳои муштарак дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, бозору марказҳои тиҷоратӣ, меҳмонхона ва дигар ҷойҳои ҷамъшавии теъдоди зиёди одамон вазифадор шудаанд.
Муҳлати марҳилаи авали амалиёти махсус 4 рўз – аз 8 то 12 апрел муайян шудааст.
Мардон ҚУРБОНОВ
[:]