Оғози марҳилаи дуюми “Нелегал – 2017”

[:tj]Дар асоси Фармоиши якҷояи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №42/71241 аз 18.05.2017 «Дар бораи омодагирӣ ва дар доираи талаботҳои СААД гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-профилактикӣ ва амалиёти махсус оид ба мубориза бар зидди муҳоҷирати ғайриқонунӣ таҳти унвони шартии «Нелегал-2017» 25 сентябр дар миқёси вилояти Суғд низ марҳилаи дуюми амалиёти мазкур оғоз гардид, ки то 6 октябри соли ҷорӣ давом хоҳад кард.

Амалиётҳои ҳар рӯз (ба ғайр аз рӯзи якшанбе) аз соати 08:00 то 12:00 ва аз соати 18:00 то 22:00 гузаронидани шуда, рӯзи дигар то соати 10:00 аз натиҷаи амалиёт тибқи шакли муқарраршуда ба Раёсат ҳисобот пешниҳод карда мешавад.

Қабл аз оғози амалиёт Сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд З. Шарифӣ дар машварати корӣ аъзоёни гурӯҳи корӣ ва мудирони шуъбаю бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳоро барои роҳ надодан ба амалиётҳои коррупсионӣ ва дигар қонуншиканиҳо дар рафти санҷишҳо вазифадор намуд.

                                                                      Раёсати ХМ дар вилояти Суғд[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо