Оғози машғулиятҳои курси такмили ихтисос

[:tj] 

 

Падидаи ҷолиб дар рафти машғулиятҳои курси такмили ихтисос, ки бо ибтикори Муассисаи давлатии “Маркази такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони системаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ” дар вилояти Суғд барои кормандони соҳаи муҳоҷират ташкил шудааст, дар радифи намояндаи муассисаи мазкур ба шунавандагони курс дарс додани кормандони ботаҷриба ва собиқадори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд мебошад.

Чунончи, рўзи 20-уми апрел мутахассиси пешбари шуъбаи муҳоҷирати меҳнатии Раёсат Рустам Ҷамолов оид ба тартиби бурдани ҳисоботҳо тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.08.2008, №378 “Дар бораи бақайдгирии муҳоҷирати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа ва бозгашт аз он” дар фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд ва истгоҳи роҳи оҳан, татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.10.2008, №529 ”Оид ба додани иҷозат ба кор ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти меҳнатиро амалӣ менамоянд”, пурзўр намудани алоқа бо диаспораҳо, ҷамъиятҳои фарҳангӣ ва ҳамватанони бурунмарзӣ маълумоти муфассал дод.

Дар рафти машғулият номбурда тарзу усули ҷамъ овардан, омода кардани маълумотҳо ва  тариқи чопию электронӣ ба мақомоти дахлдор пешниҳод намудани онҳоро нишон дода, ҳамзамон ба саволҳои шунавандагони курс посух дод.

 

                                                    Раёсати Хадамоти муҳоҷират

                                                                          дар вилояти Суғд

[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо