Оғози маъракаи обуна

[:tj]Тибқи фармоиши сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд аз 2 июли соли 2018, №16 гурўҳи корӣ Раёсат ба шаҳри Панҷакент ва ноҳияи Айнӣ сафарбар гардид. Мақсад аз ин сафари хизматӣ гузаронидани санҷишҳои назоратӣ дар корхонаҳои муштарак ва ширкатҳои бо ҷалби қувваи хориҷӣ фаъолиятбаранда, ҳамзамон ташвиқу тарғиби нашрияи расмии Вазорати болозикр – рўзномаи «Шуғл ва муҳоҷират» буд.

Чуноне ки сардори гурўҳ, мутахассиси варзида ва собиқадори соҳа Абубакр Ибрагимов иттилоъ дод, айни замон дар водии Зарафшон як қатор корхона ва ширкатҳои соҳаи истихроҷу коркарди маъдан ва истеҳсоли ангишт бо ҷалби мутахассисону коргарон аз Ҷумҳурии Мардумии Чин фаъолият мебаранд, ки аз ҷумлаи онҳо калонтаринашон Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Корхонаи муштараки «Зарафшон», воқеъ дар шаҳри Панҷакент мебошад. Ёдовар мешавем, ки ба корхонаи мазкур Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафарҳои кориашон чанд маротиба ташриф оварда, ба хатҳои нави истеҳсолӣ ифтитоҳ бахшидаанд.

ҶДММ КМ «Зарафшон» ба истеҳсоли тилло машғул буда, дар асоси Иҷозатномаи Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22.04.2016, №000404 барои ҷалби 265 нафар мутахассисону коргарони чинӣ иҷозати расмӣ дорад. Ба ҳолати моҳи июли соли равон дар корхона 2081 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 61 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии мардумии Чин фаъолият менамоянд. Таносуби коргарони маҳаллӣ бар хориҷиён 97 бар 3 фоизро ташкил медиҳад.

Аҳли ҷомеаи меҳнатии корхона хонандаи доимии рўзномаи «Шуғл ва муҳоҷират» мебошанд ва ҳамасола дар маъракаи обуна ба ин нашрия фаъолнокӣ зоҳир менамоянд. Бастаи шумораҳои рўзнома дар идораи маъмурии корхона бо эҳтиёт нигоҳдорӣ мешавад ва ба ихтиёри муштариён вогузор шудааст.

Дар рафти санҷиши назоратӣ гурўҳи корӣ ҳолати ба қайдгирии ҳуҷҷатҳои шаҳрвандони хориҷӣ, доштани корти иҷозат барои кор, ҷиҳати ҷалби шаҳрвандони хориҷӣ, Иҷозатнома доштани корхонаю ширкатҳо, риояи қоидаҳои будубош аз ҷониби муҳоҷирони меҳнатии хориҷӣ, риояи таносуби 80 бар 20 дар мавриди қабул ба кор мавриди таҳлил қарор дод.

Аъзои гурўҳ ҳамзамон ба масъулин вобаста ба ислоҳи камбудиву норасоиҳои ҷузъии дар ин самтҳо ҷойдошта дастур ва маслиҳат доданд.

Санҷиши назоратӣ дар ҶДММ КМ «Зарафшон» ва бахшҳои зертобеи он, ҶДММ «ТВЕА», филиали ширкати «ҶНКК» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон дод, ки ба шарофати ҳамкории босамар бо Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд вақтҳои охир коргузорӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ вобаста ба фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони хориҷӣ ба тартиби муайян даромадааст ва дар ин самт қариб камбудӣ ба назар намерасад.

Корхонаю ширкатҳои мазкур дар миқёси вилояти Суғд аз аввалинҳо шуда  ба маъракаи обуна ба рўзномаи «Шуғл ва муҳоҷират» барои соли 2019 оғоз бахшиданд. Дар умум аҳли заҳмат ба 130 нусха нашрияи писандидаашон обуна шуданд. Изҳори умед менамоем, ки ҳамин гуна муташаккилӣ дар дигар ҷомеаҳои меҳнатӣ низ зоҳир мешавад.

 

                                                                      Раёсати Хадамоти муҳоҷират

                                                                                                 дар вилояти Суғд

[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо