Дар партави супоришу вазифагузориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба танзими муҳоҷирати дохилию экологӣ ва ба вуҷудовардани инфрасохтор дар мавзеҳои нави зисти муҳоҷирон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияҳои Зафаробод ва Кӯҳистони Мастчоҳ тадбирҳои судмандро амалӣ намуда истодаанд.
Аз ҷумла, дар арафаи баргузории маҷлиси Комиссияи байни идоравии танзими равандҳои муҳоҷирати дохилӣ ва экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода иқдоми навбатӣ дар ин самт роҳандозӣ гардид.
Бо иштироки бевоситаи раиси ноҳия ва дигар шахсони масъул дар деҳаи Баҳористони ҷамоати шаҳраки Меҳнатобод, ки муҳоҷирони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ умр ба сар мебаранд, ба сохтмони бунгоҳи тиббӣ ва маҳаллахона оғози расмӣ бахшида шуд.
Иншооти мазкур бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод, маблағгузории муҳоҷирон ва шахсони саховатманд дар масоҳати 1600 м2 аз ҷониби устоҳои маҳаллӣ бунёд гардида, дар арафаи таҷлили ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор мегирад.
Мувофиқи лоиҳа бунгоҳи тиббӣ дар 3 ҳуҷра ва маҳаллахона дар 2 ҳуҷра ҷойгир карда мешавад. Ба шарофати иқдоми мазкур мушкилии муҳоҷирон дар самти хизматрасонии тиббӣ осон гардида, ҷойҳои нави кор барои мутахассисони маҳаллӣ фароҳам меояд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират
дар вилояти Суғд