Пахта дар саҳро шукуфта…

[:tj]Бо мақсади саривақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани дастранҷи кишоварзон – ҳосили “тиллои сафед” дар асоси фармоиши Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода “ 60 рўзи меҳнати зарбдор дар пахтазор” эълон шудааст. Пахтакорони вилоят баъд аз таҷлили ботантанаи ҷашни 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷамъоварии пахта сар карданд. 1-уми октябр даври аввали мусобиқаи меҳнатӣ байни шаҳру навоҳӣ ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти пахтакор ҷамъбаст гардид. Пахтакорон то ин сана иҷрои наышаи умумиро 44 фоиз таъмин намудаанд.

Наздик ба як моҳ боз таҳти шиори:

Пахта дар саҳро шукуфта интизори чидан аст,

    Ҳиммат, эй ёрон, ки ҳимматро дами санҷидан аст.

Кормандони ташкилоту муассисаҳои давлатӣ ҳар ҳафта дар рўзҳои истироҳат ба саҳро баромада, дар ҷамъоварии ҳосил ба кишоварзон кумак расонида истодаанд. Қобили зикр аст, ки дар ин самт шахсан раиси вилоят ва кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба ҳашарчиён намунаи ибрат мебошанд ва онҳоро ҳамроҳӣ мекунанд

Чуноне ки мудири бахши молия ва хоҷагидории Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар вилояти Суғд Собит Собиров иттилоъ дод, аз оғози мавсими ҷамъоварии пахта аз ҳисоби кормандони дастгоҳи Раёсат ду гурўҳи 6-нафарӣ ташкил карда шудааст. Сардори Раёсат Зайнура Шарифӣ шахсан ба пахтачинӣ мебарояд ва дар асоси супориши ў мудирону кормандони сохторҳои зертобеъ дар шаҳру ноҳияҳо низ ҳар ҳафта ба кумаки кишоварзон мераванд.

-То имрўз дар ҷамъоварии ҳосили “тиллои сафед”-и пахтакорони ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов ва Спитамен саҳми худро гузоштем. Ин иқдом то интиҳои мавсими пахтачинӣ идома меёбад,- гуфт Собир Назирович.

 

                                                                    Раёсати Хадамоти муҳоҷират

                                                                                       дар вилояти Суғд

[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо