[:tj]Бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷират ва ҲХДТ дар ноҳияи Шуғнон дар ҳамабастагӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия вобаста ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш доир гардид.
Дар ҳамоиш гуфта шуд, ки Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватанамон пешниҳод гардид.
Паёми навбатӣ дар марҳилаи ниҳоят душвор яъне оқибатҳои паҳншавӣ ва таҳдиди аз нав хуруҷ кардани вабои аср касалии сироятии СOVID – 19, ки ба иқтисодиёти ҷаҳонӣ минҷумъла ҷумҳурии мо таъсири манфӣ расонида истодааст, ироа гардид.
Аз ин рӯ, Президенти кишвар бори дигар таъкид бар он дошт, ки ҳар як сокини кишвар бояд ба сарфаю сариштакорӣ диққати ҷиддӣ дода ба исрофкорӣ чӣ дар тӯю маъракаҳо, чӣ дар истифодаи қувваи нерӯи барқ роҳ надиҳад, аз замини дар ихтиёр дошта оқилона истифода бурда оилаи худро бо захираи ду солаи маводи ғизоӣ таъмин намояд.
Такя бар фарҳанги ғании миллат ҷиҳати баланд бардоштани савияи илмомӯзӣ диққати асосӣ ба тавсеаи минбаъдаи озмунҳои ҷумҳуриявӣ «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ва омӯзиши фанҳои дақиқ, риёзӣ ва табии диққати ҷиддӣ дода шавад.
Ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидани илмомӯзӣ асосан омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табии ва ҷалб кардани наврвсону ҷавонон, олимону омӯзгорон аз тарафи Президенти кишвар пешниҳод гардид, ки ҳамасола озмуни ҷумҳуриявӣ зери унвони «Илм – фурӯғи маърифат» гузаронида шавад.
Дар ҳамоиши мазкур фаъолони ноҳия, раисони ҷамоатҳо, омӯзгорон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи ноҳия иштирок намуданд.
Бахши Хадамоти муҳоҷират
дар ноҳияи Шуғнон
[:]