Паёми Пешвои миллатро ба ҳамватанонамон тавзеҳ доданд

[:tj] 

Бо мақсади фаҳмонидани нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамъияти тоҷикони вилояти Красноярски Федератсияи Россия ҷамъомад бо иштироки аъзоёни ҷамъият ва ҳамватанони бурунмарзӣ баргузор гардид.

Ин гуфтаҳо зимни суҳбати телефонӣ бо муовини раиси ҷамъияти тоҷикони шаҳри Красноярск «Пайванд» Ҳазаралӣ Асламов иброз гардид. Дар ҷамъомад оид ба сазовор пешвоз гирифтани ҷашни миллӣ- 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарғиби манзараҳои зебои мамлакат ва ҷалби сайёҳон ба кишвари офтобиамон, нақши муносиб гузоштани соҳибкорони тоҷик дар рушду нумӯи сарзамини аҷдодӣ ва дар ин замина номбардори номи неки миллату Ватан будан сухан гуфтанд.

Ҳадаф аз баргузории чунин вохӯрӣ, пеш аз ҳама, ба ҳамватанон баён доштани нақши таърихии Пешвои миллат дар таҳкими  сулҳу субот  ва рушди бесобиқаи Ватан, нуктаҳои созанда ва дурнамои  Паёми Пешвои миллат дар бораи эълони 300 рӯзи ислоҳот ва дастгирии соҳибкорон барои пешрафти Тоҷикистон, рушди маҳал, ки ободии мамлакат аз ободии ҳар як гӯшаи он оғоз мегардад, рушди ҳунарҳои мардумӣ ва ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистони сар ба домони гардун мебошад.

Ҷамъияти мо, тарафдор ва иҷрокунандаи ин санадҳо мебошад. Бояд иброз намоям, ки дар вилояти Красноярск беќайди омории ин кишвар зиёда аз 30 ҳазор шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар соҳаҳои гуногун кору фаъолият намуда истодаанд. Як чизроқайд намоям, ки дар инҷо байни мо тоҷикон калимаи маҳалгароӣ умуман вуҷуд надорад, ки барои пешравии фаъолияти мо афзалият хоҳад дод.

Алакай ҷамъияти мо дар байни дигар ҷамъиятҳои миллатҳои гуногун, ки дар вилояти Красноярск зиндагӣ мекунанд дар назди роҳбарияти ин кишвар обрӯи хоса дорад. Ҷамъияти мо барои онҳо як намуна шудааст, ки дар ҳар як ҷаласаҳои вилоят аз тарафи роҳбарияти он вирди забон гирифтамешавад. Мо аз ин фахр мекунем.

Ҷамъияти тоҷикони шаҳри Красноярск соли 1997 таъсис дода шудааст, ки дар он 15 ҳазор нафар шаҳрвандони мо номнавис шудаанд. Бояд гӯем, ки соли 2011 дар назди ҷамъият як Маркази ҷавонон аз ҳисоби донишҷӯёни тоҷик, ки дар донишкадаҳои ин макон таҳсил мекунанд таъсис дода шудааст. Дар ин марказ алакай 130 нафар ҷавонони тоҷик фаъолона иштирок мекунанд, ки аз онҳо 50 нафарашон дар Донишгоҳи тиббии шаҳри Красноярск таҳсил доранд.

Ҳамаи чорабиниҳои ҷашние, ки баргузор мегарданд дар якҷоягӣ бо ин Марказ гузаронида мешавад. Ҳамаи маъракаҳои тоҷикӣ, азқабили тӯйи домоду арус ва хатнасур дастаҷамъона гузаронида мешавад.

Ба ғайр аз ин, ҷамъияти тоҷикони Красноярск иќдоми неки тоҷиконро ба роҳ монда, ҳамасола зимни истиќбол гирифтани ҷашни Ваҳдати миллӣ, Истиќлолият ва Идиқурбон ба дармондагон ва хонаи ятимони вилоят сару либос ва хӯрока кӯмак менамоянд.

Ҷамъияти тоҷикон ҳамеша шаҳрвандони худро дар танҳои намегузоранд ба онҳо барои дастрас намудани иҷозаи кор, патент ва бақайдгирии мувваќатӣ кӯмаки хешро дареғ намедоранд.

Бояд гуфт, ҷамъияти тоҷикон бо Хадамоти муҳоҷират ва Намояндагии он дар Федератсияи Россия ҳамкории зич дорад. Ин ҳамкориҳо ба он оварда расонид, ки бисёри аз шаҳрвандони мо соҳиби ҷойи кори доимӣ ва мувваќатӣ гардиданд. Масалан, дар корхонаи Сосновоборский фанерний завод зиёда аз 40 нафар тоҷикон кор карда истодаанд. Дар корхонаи мурғпарварии шаҳри Красноярск бошад 200 нафар шаҳрвандони мо бо ҷойи кор таъмин шуданд. Дар ширкатҳои сохтмонии Монолит-Холдинг ва Азия Плюс айни замон аз 40 то 300 нафар тоҷикон кору фаъолият намуда истодаанд.

                                                                                       Анвар ЮСУПОВ

                       [:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо