Паёми Пешвои миллат – сармашқи фаъолияти мо

[:tj] 

2 феврали соли равон бо мақсади расонидани муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хониши идоравӣ таҳти унвони “Паёми Пешвои миллат – сармашқи фаъолияти мо” бо иштироки кормандони дастгоҳи марказии Хадамот ва МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Хониши идоравӣ аз ҷониби муовини Сардори Хадамоти муҳоҷират Имомзода Имомназар доир гардида, мавсуф нуктаҳои муҳими Паёми Пешвои  миллатро ба самъи ҳозирин расонид.

Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ воқеан ҳам равшангари ҳадаф ва вазифаҳои  мо барои оянда буда, иҷрои муқаррароти он  кафолати оромиву осудагии Ватан,  болоравии сатҳи зиндагӣ ва ояндаи неки фарзандони мо хоҳад буд. Пешвои миллат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, таъмини рушди иқтисодӣ, саноат, энергетика, нақлиёт, алоқа, амният, тартиботи ҳуқуқӣ, тандурустӣ, фарҳанг, илм, маориф, ҳифзи иҷтимоӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳиро муайян намуда, вазифаҳои мушаххас гузоштанд, ки кафили рушду пешрафти ҳаматарафаи кишвари маҳбубамон Тоҷикистони соҳибистиқлол хоҳад буд.

     Санҷар АМРИЕВ

[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо