Паём — дастури амал ва чароғи раҳнамо

[:tj]    26 декабр Кормандони Хадамоти муҳоҷират ва зерсохторҳои он дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дастаҷамъона тамошо карданд. 

Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзу ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.

Бояд гуфт, ки бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ҳимояи манфиатҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва амнияти мамлакат, ҷалби сармояи хориҷӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои бузурги инфрасохтори бозорӣ, муҳайё кардани шароити мусоиди иқтисодӣ-иҷтимоӣ барои сокинони ҷумҳурӣ сол аз сол беҳтар гардида, лоиҳаҳои наву барномаҳои давлатӣ амалӣ шуда истодаанд. 

Баъди тамошои Паём Сардори Хадамоти муҳоҷират Тоҳир Каримзода роҷеъ ба нуктаҳои муҳими Паём андешаронӣ  намуда, ба кормандони дастгоҳи марказии Хадамот дастур дод, ки барои амалӣ намудани он нақшаи чорабиниҳо таҳия намуда, тамоми кормандони зерсохторҳои Хадамотро мазмун ва моҳияти Паёми Президенти мамлакатро расонанд, – таъкид кард Т. Каримзода.

Дар маҷмўъ, кормандони Хадамоти муҳоҷират якдилона Паёмро маъқул мешуморанд, ҷонибдорӣ мекунанд ва барои таъмини иҷрои саривақтии вазифагузориҳои мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самтҳои танзими раванди муҳоҷират, касбомўзонию забономўзонӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати аҳли ҷомеа, ташвиқу тарғиби дастовардҳои Истиқлолият ва сиёсати давлату Ҳукумат, пешгирии омилҳои номатлуб, бузургдошти забони давлатӣ, дастгирии ниёзмандон ва ғайра мунтазам кўшиш ба харҷ медиҳанд.

                                                                                           Анвар ЮСУПОВ[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо