Пешгирии зуроварӣ, ифротгароӣ ва тундгароии ба тероризмбаранда

[:tj] 

Дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб семинар – тренинги омӯзиши якрӯза дар мавзӯъи «Пешгирии зуроварӣ, ифротгароӣ ва тундгароии ба тероризмбаранда» баргузор гардид.

Дар он муовини раиси ноҳия Қ.Нарзуллоева, мудири бахши Хадамоти муҳоҷират, сардорони шуъбаҳо, мудирони бахшҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот ва фаъолони ноҳия иштирок намуданд.

Иштирокчиёни семинар – тренинг ба варақаҳои пурсишнома  ҷавобҳои мушаххас дода онро пур карданд. Аз ҷумла, пешгирии зуроварӣ, ифротгароӣ ва тундгароии ба тероризмбаранда, мафҳумҳои асосӣ: зуроварии ифротгаро, тундгароӣ ва терроризм, нишона ва сабабҳои зӯроварии ифротгароӣ ва тундгароии ба терроризмбаранда, асосҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм, шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбҳою ҳаракатҳо, нақши оила ва сохторҳои давлатӣ дар пешгирии воридшавӣ ба зӯроварии ифротгароӣ ва тундгароии ба тероризмбаранда.

Дар фарҷом иштирокчиёни семинар – тренинг ба хулосае омаданд, ки барои пешгирии зуроварӣ, ифротгароӣ ва тундгароии ба тероризмбаранда, ҳокимияти давлатии ноҳия бояд барои ҷавонон муҳайё намудани ҷойи кор, васеъ намудани ҷаҳонбинии ҷавонон, ба роҳ мондани китобхонии онҳо, ташкили корҳои фаҳмондадиҳӣ дар деҳаҳо, зери назорат гирифтани нафароне, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд, дар маҳаллҳо доир намудани чунин семинарҳои омӯзишӣ, ба мансаби раисони шӯрои маҳаллаҳо пешбари намудани ҷавонон ва ғайра мебошад.

 

                                                                                      Анвар ЮСУПОВ

 [:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо