Пешгирии шомилшавии ҷомеа ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ

Дар солҳои аввали истиқлолияти давлатӣ кишвари мо бо падидаи густурдаи зӯровариву мудохила аз хориҷ ва таҳмили андешаву равияҳои бегона ба сари мардум, ки аз ғояҳои ифротгароиву террористӣ маншаъ мегирифтанд, рӯ ба рӯ шуд.
Эмомалӣ Раҳмон

Яке аз масъалаҳои ҷиддии замони муосир, ки хатари минтақавию байналмилалиро ба бор овардааст, ин суръатёбии раванди даҳшатафканӣ (терроризм), ифротгароӣ (экстремизм) ва тундгароӣ (радикализм) ба ҳисоб меравад. Ҳолатҳои мазкур аз он шаҳодат медиҳад, ки терроризм, тундгароӣ ва ифротгароӣ дар шароити кунунӣ ҷинояти дорои хусусияти глобалӣ буда, мубориза алайҳи он ҳамкории зич ва мутақобилаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва Хадамоти махсусро тақозо менамоянд. Имрӯзҳо, ҷинояткорон дар кирдорҳои худ шаклҳои гуногуни яроқҳо интихоб намуда, ба давлатҳои мустақил муқобилияти шадид нишон дода истодаанд, ки аз хатари аслии терроризм, тундгароӣ ва ифротгароӣ ба ҷомеа шаҳодат медиҳад.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар иҷлосияи байналмилалии мубориза бо терроризм дар давлати исломии Эрон 25 июни соли 2011 қайд карда буданд, кӣ: «Аз ин лиҳоз, ташаккули фазои ягонаи иттилоотии олам ба хатари нест кардани пойгоҳу бошишгоҳҳои таълимии террористон муҳим аст. Идораҳои махсуси кишварҳои пешбари олам, бояд дар бораи бунёди маҳзани ягонаи маълумот дар ин соҳаи мубориза, ҳарчи зудтар ба мувофиқат оянд. Таҳияву тасдиқи усулҳои муассири амалиёти зиддитеррористӣ, ҷори намудани низоми умумиву мукаммали инъикоси ҳолатҳои марбуд ба иқдомҳои террористӣ низ ба манфиати кори умум мебуд».

Чи тавре, ки ба ҳамагон маълум аст дар як қатор давлатҳо терроризм ва ифротгароӣ беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ ва ба таблиғоту ақидаҳои ифротгароӣ зиёд шуда истодааст. Имрӯзҳо ба назар мерасад, ки баъзе аз гурӯҳҳои ифротгаро кӯшиш доранд, ки бо истифода аз дини мубини Ислом, бо мақсади расидан ба ҳадафҳои нопоки худ ҷавонону наврасонро тавассути фиреб ба роҳи бад бурда, ба манфиатҳои хеш истифода намоянд. Ин амали онҳо танҳо доғдор кардани дини ислом асту бас. Ҳоло он, ки дини ислом поку беолоиш буда, фитнаву фиреб ва мардумозориро намепазирад.

Аз ин лиҳоз, ба ҳар як шаҳрванди ба ору номуси ҷамъияти мо, ба хусус муҳоҷирони меҳнатӣ зарур аст, ки баҳри пешгирии ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро ва пешгирии шомилшавии онҳо ба ҷангҳои фитнаангезии хориҷи кишвар кӯшиш ба харҷ дода, ба ин масъалаи басо муҳим бетараф набошанд.

Имрӯзҳо, ба имомхатибони масҷидҳо зарур аст, ки ҳангоми баргузории ибодатҳои динӣ, талаботҳои китоби муқаддаси Қуръон, талаботҳои мазҳаби ҳанафӣ ва «Фатво»-и Уламои дини Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҷавонон тавсиф намоянд, ки ин амал яке аз роҳҳои пешгирӣ намудани шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро мебошад. Зеро, аксар ҷавонони гумроҳшуда, аз надонистани ҳадафҳои ғаразноки сиёсии гурӯҳҳои ифротгаро ва бо таври зарурӣ нафаҳмидани талаботҳои дини мубини Ислом, кӯр-кӯрона назар карда, фирефтаи таблиғоту ақидаҳои ифротӣ шуда, ба гурӯҳҳои ҷиноятии ифротгароӣ шомил шуда, оқибат ба ҳаёти худ ва ба амнияти ҷомеа зарарҳои махсусан калон мерасонанд.

Пешвои муаззами миллат, Президенти мамлакатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар Саммити сарони давлатҳои олами арабу ислом ва Амрико қайд карда буданд, кӣ: «Гурӯҳҳои ифротиву террористӣ дар минтақаҳои мухталифи олам хушунат ва задухӯрдҳои хунини мазҳабиву этникиро барангехта, боиси афзоиши исломситезӣ ва пайдоиши бадбинии мусулмонон шудаанд.»

Ҳар як шаҳрванд бояд, роҳи дурусту қонунии ҳалли масъаларо дарёфт намуда, барои бунёди ҳаёти осоиштаву сазовор бо меҳнати ҳалолу фоидаовари ба нафъи ҷамъият машғул гардида, барои бартараф намудани муаммоҳои умумиҷамъиятӣ саҳмгузор бошад.

Мутасифона, бархе аз одамон, бинобар номукаммалии маърифату маданияташон, аз рӯйи мақсадҳои ғаразноку нопок ба корҳои ношоям, яъне амалҳои ҷинояткорона даст мезананд.

Бархе аз ҷавононе, ки ба риояи аҳкоми шароити ислом бештар майл доранд, бинобар сабаби ноогоҳии сиёсӣ, паст будани сатҳи донишҳои динӣ ва талаботҳои мазҳабӣ, ки онро тамоми ниёгону бузургони мо пайравӣ кардаанд ва дар сатҳи паст қарор доштани маърифати ҳуқуқӣ ба равияҳои террористӣ ва экстремистӣ, яъне ифротгароӣ шомил шуда, ба пайдоиши низову ихтилофҳои динию мазҳабӣ мусоидат мекунанд, ки он оқибатҳои нек надошта, чунин амалҳо бояд дар ҷомеа ба таври қатъӣ маҳкум карда шаванд.

Чӣ хеле, ки имрӯзҳо тавассути воситаҳои ахбори омма мушоҳида мегардад, дар тамоми гӯшаю канори ҷаҳон ҳамлаи ваҳшиёнаи ҷангиёни бо ном муҳофизони ислом амали мегардад, ки садҳо хонаҳо ба хок яксон шуда, ҳазорҳо тан маҷруҳу кушта ва кӯдакон ятим мегарданд.

Пеш аз ҳама, дар сатҳи миллӣ ва маҳаллӣ коркард ва гузаронидани барномаҳои иттилоотӣ-фаҳмондадиҳӣ дар байни волидайн бахусус муҳоҷирони меҳнатӣ зарур аст. Ин гуна барномаҳо бояд, тамоми сохтору мақомоти давлатӣ ва ғайридавлатии худфаъолияти ҷамъиятӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, васоити ахбори омма, мақомоти худидоракунӣ, мактабҳо, ташкилотҳои диниро дар бар гирад.

Дар байни омилҳои равоние, ки боиси фароҳам гаштани шароит барои паҳн шудани терроризм, тундгароӣ ва ифротгароӣ инчунин дигар зуҳуроти номатлуби иҷтимоии замони муосир мегардад, ин вайрон шудани фаъолияти оилавӣ ва ноосудагӣ дар он ба ҳисоб меравад.

Хулоса, пешгирии терроризм, тундгароӣ ва ифротгароӣ инчунин дигар зуҳуроти номатлуби иҷтимоии замони муосир, усулҳо ва воситаҳои гуногунро дар бар мегирад, яъне аз варақаи иттилоотӣ сар карда, то омода намудани (волонтёрҳо) ихтиёриён аз ҳисоби ҷавонон, то ки муошират бо ҷавонон дар сатҳи баробар сурат гирад. Ба ғайр аз ин, ба мутахассисоне, ки бо ҷавонон кор мекунанд, омӯзонидани маълумоти бештар оиди пешгирии терроризм, тундгароӣ ва ифротгароӣ, инчунин дигар зуҳуроти номатлуби иҷтимоии замони муосир. Дар ин маврид, мо метавонем, ки давлату миллатамонро аз ҳар гуна зуҳуроти номатлуби замони муосир ҳифз намоем.

Инчунин, оид ба самти мазкур Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират кору фаъолият намуда, бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни муҳоҷирон ва донишҷӯёни тоҷик ба роҳ монда, зимни баргузории вохӯриҳо бо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи пешгирӣ аз омилҳои номатлуби иҷтимоӣ ва дигар масъалаҳои муҳим ҳамарӯза мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.

Орифҷон Олимзода
мудири бахши Хадамоти муҳоҷират
дар ноҳияи Варзоб

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо