[:tj]
Баҳри пешгирӣ намудан аз касалии сироятии “коронавирус” кормандони МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ”дар ВМКБ тасмим гирифтанд, ки якҷоя бо кормандони Марказҳои ташаккули тарзи ҳаёти солим, назорати санитари эпидемиологӣ, ташкилоти Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ ва инчунин аъзои Шўрои ҷамъиятӣ оид ба ислоҳоти милитсия дар ҶТкорҳои фаҳмондадиҳиро доир ба риоя намудани қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ва гигиенаи ҷамъиятӣ дар байни шаҳрвандони ВМКБ, аз ҷумла дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, идораҳо, терминалҳои мусофиркашонӣ ва бозорҳо вохўриҳо ва суҳбатҳои муфид баргузор намуданд.
Шаҳрвандони ВМКБ дар вохўриҳо фаъолона иштирок намуда, доир ба ин касалии сироятии “коронавирус” маълумоти дақиқ ва пурра аз мутахассисони соҳавӣ пайдо намуданд. Чунин вохўриҳои судманд бо сокинони ВМКБ пай дар пай гузаронида мешавад.
Малакбозов Шероз
мутахассиси МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш
аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар ВМКБ
[:]