Пешгирӣ намудан аз бемории COVID -2019

[:tj] 

 

Бори аввал вируси COVID-19 дар охири моҳи декабри соли 2019 маълум шуд. Дар шаҳри Ухани Ҷумҳурии Мардумии Чин чанд ҳодисаи пневмония бо патогени номаълум ба қайд гирифта шуд. Дар аввал, вазъият ташвишовар набуд, аммо дар моҳи январи соли 2020 шумораи мубталоён ба афзоиши бемайлон шурӯъ кард. Он гоҳ «Коронавирус» тавонист ба кишварҳои дигар низ ворид шавад.

Ин мушкилот ба Ҷумҳурии Тоҷикистон низ таъсир расонд.          Барои пешгири намудан аз ин вабои аср дар дохилӣ бинои раёсат лавҳаҳо дар бораи пешгирӣ намудан аз хатари сироятии «Коронавирус», маҳлулҳои антисептикӣ, ниқобҳо барои муҳофизат ва дигар шиорҳо ва овезаҳо ташкил карда шуд. Бо ҳар як шаҳрванде, ки ба раёсат ворид мешаванд, корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, ба онҳо муҳтавои ин беморӣ мухтасар фаҳмонида мешавад. Инчунин, дар суҳбат ба ҳар яки онҳо барои пешгирӣ намудан аз ин бемории сироятӣ, бе ниқоб ба кӯча набаромадан, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ рияо намудани талаботи санитарӣ ва ғайра тавсияҳо дода мешавад.

Аз ин рӯ, чунин мешуморем, ки дар ин вазъият, ҳар як шахс ва дар маҷмӯъ сокинони пойтахт, пеш аз ҳама, барои муҳофизати худ бояд чораҳои эҳтиётӣ ва муҳофизатиро истифода баранд.

                       Раёсати Хадамоти  муҳоҷират

                                         дар шаҳри Душанбе

 [:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо