[:tj]
Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20.04.2009, №266 ва қарори Раиси вилояти Суғд аз 20.07.2009, №191 «Дар бораи ҷамъбасти маълумоти оморӣ оид ба муҳоҷирони меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷи кишвар» барои муайян намудани теъдоди умумии оилаҳои муҳоҷирони меҳнатии вилоят дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ҳамаи шаҳру ноҳияҳо ҳар сол ду маротиба пурсиши сартосарӣ гузаронида мешавад.
Масъулини сохторҳои зертобеи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳо тибқи қарори ҷаласаи машваратии назди Раиси вилояти Суғд аз 7-уми феврали соли љорї вазифадор шуданд, ки дар ҳамкорӣ бо намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, амнияти миллӣ, корҳои дохилӣ, кормандони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, раисони маҳаллаҳо, ходимони дин ва фаъолони ҷомеа минбаъд чунин пурсишро ҳар моҳ гузаронанд. Мақсад аз ин иқдом пешгирӣ намудани воридшавии муҳоҷирони меҳнатӣ ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро берун аз Ватан мебошад.[:]