«РАВАНДИ МУҲОҶИРАТ ДАР КИШВАРҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ»-ТАҲТИ ИН УНВОН ДАР ДУШАНБЕ КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ БАРГУЗОР МЕГАРДАД

[:tj]19 июли соли равон бо ташаббуси Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар мавзӯи «Раванди муҳоҷират дар кишварҳои Осиёи Марказӣ: ҷанбаҳои иҷтимоӣ-иқтисодии илм ва таҷриба» конфронси байналмилалӣ баргузор мегардад.

Бояд қайд кард, ки дар кори конфронс роҳбарон, намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон, ташкилотҳои байналмилалию ҷамъиятӣ, инчунин олимон, коршиносон, аспирантҳо ва магистрантҳо иштирок менамоянд.

Дар конфронс масъулини соҳа ва коршиносон дар мавзӯи мавриди назар маърӯза мекунанд.

Хотиррасон менамоем, ки дар натиҷаи таҳлилу омӯзиш ва мониторингҳое, ки аз ҷониби мутахассисону коршиносони соҳа гузаронида шуд, маълум гардид, ки дар ҷумҳурӣ тайи панҷ соли охир раванди муҳоҷирати меҳнатӣ тадриҷан коҳиш меёбад. Ҷараёни муҳоҷирати меҳнатӣ соли 2018 дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2017 3 ҳазору 581 нафар (ё 1%) ва нисбат ба соли 2013 315 ҳазору 522 нафар (ё 39,5%) камтар шудааст. Бозгашти муҳоҷирони меҳнатӣ ба Ватан соли 2018 424 ҳазору 490 нафарро ташкил дод, ки аз хусусияти мавсимӣ доштани муҳоҷирати меҳнатӣ дар Тоҷикистон дарак медиҳад.
Аз натиҷаи татқиқоти сотсиологие, ки байни муҳоҷирони меҳнатӣ–шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд, маълум мегардад, ки вазъи будубош ва фаъолияти муҳоҷирони тоҷик дар Федератсияи Россия, ки кишвари асосии қабулкунандаи муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон маҳсуб мешавад, дар муқоиса ба солҳои пешин беҳтар мегардад.
Яке аз сабабҳои коҳиши раванди муҳоҷирати меҳнатӣ – ин дар мамлакат таъсис додани ҷойҳои нави корӣ ва ба шуғл фаро гирифтани аҳолист, ки яке аз самтҳои афзалиятнок дар ин самт маҳсуб мешавад.
Дар ҳамкорӣ бо давлатҳои асосии қабулкунандаи муҳоҷирони меҳнатӣ, аз ҷумла бо Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Қазоқистон тақвият ёфта, соли 2018 масъалаҳои марбут ба ҷанбаҳои мухталифи муҳоҷирати меҳнатӣ бо ин кишварҳо дар 7 ҷаласаву вохӯриҳо, нишастҳои сатҳи баланд ва гурӯҳҳои кориву коршиносон баррасӣ гардиданд.

                                                               Вазорати меҳнат, муҳоҷират

                                                                                  ва шуғли аҳолии ҶТ

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 [:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо