Раванди усулҳои «Хона ба хона» ва «Рў ба рў» миёни сокинони ноҳияи Варзоб

[:tj] 

Бахши Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб дар якҷоя бо бахши Ҷамъиятии Ҳилоли Аҳмар – и ноҳия, бахши рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи раиси ноҳия, шуъбаи КИ ҲХДТ, ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» ва муассисаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия дар ҷамоатҳои деҳоти Деҳмалик ва шаҳраки Такоб бо сокинон иқдоми муштарак барпо намуданд.

Гурўҳи таблиғотӣ бо мақсади гузаронидани корҳои оммафаҳмонӣ дар деҳаҳои мазкур бо усулҳои “Хона ба хона” ва “Рӯ ба рӯ” вохӯрӣ доир намуда, бобати таъмини ҳифзи саломатӣ, риояи қоидаҳои гигиению санитарӣ, тарзи дурусти истифодаи ниқоб, усулҳои пешгирии бемории «коронавирус», худдорӣ намудан аз баргузории ҳар гуна чорабиниҳои оммавӣ, тоза нигоҳ доштани манзили истиқоматӣ, ба шуғл, алалхусус ба китобхонӣ фаро гирифтани бачаҳо дар давраи таътил ва дигар масъалаҳои доғи рӯз суҳбатҳо гузаронида шуд.

Ҳамчунин гурўҳи таблиғотӣ аз марказҳои саломатии ноҳия дидан намуда, ба кормандони он миннатдории самимии худро изҳор намуданд ва бо дастрас намудани маводҳои тарғиботӣ роҳандозӣ карда шуд.

Фаъолият дар ин самт таҳти назорати доимии роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб қарор дорад.

 

                                                             Олимзода Орифҷон Олим

                         сардори бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Варзоб

[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо