Радиои «Пайванд» – ҳамкори боэътимод

[:tj] 

Радиои «Пайванд» аз оғози фаъолияти худ бо Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ҳамкории босамарро ба роҳ монда, дар баробари инъикоси фаъолияти Раёсат ва сохторҳои зертобеи он, вобаста ба масъалаҳои доғи рўз барномаҳои муштараки мустақим ҳам ташкил менамояд.

Аз ҷумла, барномаи мустақими 6-уми феврал ташкилгардида ба мавзўи «Муҳоҷирони меҳнатӣ – қишри осебпазири ҷомеа» бахшида шуд. Дар он Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғдро мудири бахши муҳоҷирати дохилӣ ва экологӣ Ҳусейнҷон Зоҳидов намояндагӣ кард.

Дар радифи баёни андеша оид ба муҳоҷирати бехатар, пешгирии воридшавии муҳоҷирони меҳнатӣ ба ҳизбу ҳаракатоҳои ифротӣ, мубориза ба муқобили истифодаи меҳнати ноболиғон, одамрабоӣ ва бемориҳои сироятӣ намояндаи Раёсат ба саволҳои аз ҷониби шунавандагон додашуда посух гардонид.

Аз рўи нақшаи маъмурияти радиои «Пайванд» ин гуна барномаҳои мустақим моҳҳои минбаъда низ ташкил карда мешаванд.

 

                                                                               Мардон ҚУРБОНОВ

 [:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо