[:tj]
Маскав масъалаи оғози парвозҳо бо пойтахтҳои кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро баррасӣ дорад, хабар дод “Интерфакс” аз қавли манобеи огоҳаш.
Дар назар аст, ки парвозҳо моҳи октябр аз сар гирифта шаванд.
“Дар навбати аввал низоми оғози парвозҳо дар моҳи октябр бо пойтахтҳои кишварҳои ИДМ мавриди баррасӣ қарор дорад. Феълан сухан дар бораи оғози парвозҳо ба Нур-Султон, Тошканд, Баку, Ераван, Душанбе ва ғайра меравад”, – изҳор дошт манбаъ.
Интизор меравад, нахустин парвозҳо аз Маскав ба Минск оғоз мешаванд.
Мусоҳиби хабаргузорӣ таъкид намудааст, ки санаи дақиқи оғози парвозҳо ҳанӯз муайян нашудааст.
Қаблан мақомоти Тоҷикистон омодагияшонро барои оғози парвозҳо ба шаҳрҳои Русия бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ баён доштанд, аммо Русия ҳанӯз тасмими ниҳоӣ барои оғози парвозҳоро эълон накардааст.
[:]