[:ru]
С 14 января 2021 года в регионах России сформируют специальные комиссии, которые будут распределять квоты на выдачу иностранцам разрешений на временное проживание
В России вступил в силу закон о региональных комиссиях по распределению квот для мигрантов, согласно которому правительство сможет утверждать правила корректировки квоты, пишет “Парламентская газета”.
Документ вступил в силу с 14 января и внес изменения в закон “О правовом положении иностранных граждан в Российской Федерации”.
Квоты на выдачу разрешений в РФ будут распределять комиссии, созданные в регионах, при этом порядок распределения квот определит правительство страны.
Новый подход позволит распределять квоту среди иностранцев с учетом миграционной обстановки в том или ином регионе, наличия или отсутствия оснований для отказа в выдаче разрешения на временное проживание.
Кроме того, в законе уточнили полномочия Министерства внутренних дел РФ. Оно утвердит порядок выдачи разрешений, формы соответствующего заявления от мигрантов и необходимый перечень документов.
По словам члена Комитета Госдумы по безопасности и противодействию коррупции Анатолия Выборного, этот закон сократит число возможных правонарушений со стороны мигрантов и защитит их права.
“С одной стороны, он создает максимально комфортные условия для мигрантов, потому что каждый из них приедет в конкретный регион с конкретной целью, будет понимать, где ему предстоит работать. С другой стороны, это даст возможность регионам четко контролировать миграционный процесс”, – отмечает Выборной.
Подобное нововведение станет важным шагом в рамках реализации российской миграционной политики.
[:tj]
Аз 14 январи соли 2021 дар минтақаҳои алоҳидаи Русия барои тақсимоти квотаҳо ҷиҳати ба даст овардани иҷозаи иқомат, комиссияҳои вижа тартиб дода мешавад
Дар Русия қонуне ба эътибор даромад, ки мувофиқи он тақсимоти квотаҳо ба дӯши комиссияҳои минтақавӣ вогузор мешавад ва тибқи он ҳукумат метавонад қоидаҳои тасҳеҳи квотаро тасдиқ кунад, менависад “Парламентская Газета”.
Ин санад 14 январ эътибор пайдо кард ва ба қонун “Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Русия” тағйирот ворид кард.
Квотаҳо барои додани иҷозатномаҳои иқомат дар Русия аз ҷониби комиссияҳои дар минтақаҳо таъсисёфта тақсим карда мешаванд, дар ҳоле ки тартиби тақсимоти квотаҳоро ҳукумати кишвар муайян мекунад.
Усули нав имкон медиҳад, ки квота дар байни хориҷиён бо назардошти вазъи муҳоҷират дар як минтақаи мушаххас, мавҷуд будан ё набудани асос барои радди иҷозатномаи иқомати муваққатӣ тақсим карда шавад.
Афзун бар ин, қонун ваколатҳои Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русияро дақиқ кард. Ин ниҳод тартиби додани иҷозатномаҳо, шаклҳои аризаи дахлдори муҳоҷирон ва рӯйхати ҳуҷҷатҳои заруриро тасдиқ мекунад.
Ба гуфтаи Анатолий Виборний, узви Кумитаи амният ва мубориза бо фасоди Думаи давлатӣ, ин қонун шумораи ҷиноятҳои эҳтимолии муҳоҷиронро коҳиш медиҳад ва ҳуқуқҳои онҳоро ҳимоят мекунад.
“Аз як тараф, он барои муҳоҷирон шароити мусоидро фароҳам меорад, зеро ҳар яки онҳо бо як ҳадафи муайян ба минтақаи муайян меоянд ва дарк хоҳанд кард, ки дар куҷо кор кардан лозим аст. Аз тарафи дигар, ин ба минтақаҳо имкон медиҳад, ки раванди муҳоҷиратро ба таври возеҳ назорат кунанд”, – қайд мекунад Виборний.
Ин навоварӣ қадами муҳим дар татбиқи сиёсати муҳоҷирати Русия хоҳад буд.
[:]