Рушди ҳамкориҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ

2 июни соли равон муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шаҳноза Нодирӣ бо роҳбари ҷамъияти миллӣ-фарҳангии тоҷикони вилояти Иркутски Федератсияи Россия «Соотечественники» Муриват Маликшоев мулоқот намуд.

Дар рафти мулоқот масъалаи рушди ҳамкориҳо дар самти дастгирии муҳоҷирони меҳнатӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои онҳо ва бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ матраҳ гардиданд.

Инчунин, барои ба роҳ мондани ҳамкории судманд Муриват Маликшоев ба Шаҳноза Нодирӣ, Фарангис Исломова ва Сайидаҳмади Зардон аз номи роҳбарияти ҷамъияти миллӣ-фарҳангии тоҷикони вилояти Иркутски Федератсияи Россия ифтихорнома супорид.

Бояд қайд намуд, ки ҷамъияти мазкур таи 20 сол фаъолият дошта, самтҳои муҳими фаъолияташ дастгирии муҳоҷирон оид ба масъалаи бокортаъминшавӣ ва додани машварати ҳуқуқӣ буда, марказ, инчунин ҷиҳати муаррифии фарҳангу таърихи ғании тоҷикон чорабиниҳои фарҳангӣ ва ҷамъиятӣ мегузаронад.

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо