Рўзи Ваҳдати миллӣ дар Хадамоти муҳоҷират таҷлил гардид

[:tj]

        26 июн дар толори маҷлисгоҳи Хадамоти муҳоҷират бахшида ба 23-юмин солгарди ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ҳамоиши ҷашнӣ баргузор гардид.

Ҳамоишро сардори Хадамот Тоҳир Каримзода оғоз намуда, иброз дошт, ки Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидсозандаи миллати тоҷик имкон фароҳам овард, ки бо истифодаи арзишҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфташуда дар кишварамон таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шуда, барои беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум, ободии Ватан ва ояндаи давлати соҳибистиқлоламон заминаи мусоид муҳайё  гардад.

Зимни суханронии худ ў қайд намуд, ки воқеан ҳар як фарди бедордили ҷомеа, ҳар як шаҳрванди бонангу номуси Тоҷикистон, ки барояш Ватан ва сарзамини аҷдодӣ қадру манзалат дорад, бояд сулҳу ваҳдатро чун гавҳараки чашм ҳифз карда, барои ободиву пешрафти кишвар ҷаҳду талош намояд. Яке аз ҳадафҳои муҳимтарини мо низ ин аст, ки  бо истифода аз дастовардҳои илму техникаи муосир ва технологияҳои пешрафта, ҳамчун наслҳои закиву донишманд, соҳибмаърифату соҳибмаълумот дар оянда тақдири давлату миллати худро ба даст гирем.

Зикр гардид, ки истиқрори сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дастоварди бузургтарин ва воқеан таърихии тоҷикон мебошад, ки маҳз дар натиҷаи ҳамбастагии мардуми кишвар ва азму талоши фарзандони содиқи халқамон муяссар гардидааст. Муҳимтар аз ҳама, бо шарофати ҳамин сулҳу субот,   сиёсати оқилона ва дурандешонаи Сарвари давлат ва хиради азалии халқамон мо хатари аз байн рафтани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва пароканда гаштани миллати куҳанбунёдамонро пешгирӣ кардем, – иброз намуд ў.

Кормандони Хадамоти муҳоҷират бо ҳамовозӣ пуштибонии худро аз сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуда, изҳори омодагӣ карданд, ки ҷидду ҷаҳди худро баҳри ободиву пешрафти бештари Ватани маҳбуби худ дареғ надоранд.

                                                                                                   Анвар ЮСУПОВ

[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо