Рӯзгоре барои ибрат

     Шозед Шозедов 11 апрели соли 1961 дар яке аз дурдасттарин ноҳияҳои кишвар, ноҳияи Мурғоб дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудааст. Баъди хатми мактаби миёна, ӯ соли 1980 ба Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил шуда аз фанни риёзӣ сабақ меомӯзад. Соли 1985 баъди хатми донишгоҳ ба ҳайси сармутахассиси шуъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилоят дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон таъйин гардида, то соли 2000 дар ин самт фаъолият намуд.

      Роҳбарияти онвақта маҳорати кордонию ташкилотчигиашро ба инобат гирифта, соли 2000 уро ба вазифаи сардори идораи ҳифзи иҷтимоии вилоят таъин менамояд. Аз рӯзҳои аввали интихоб шуданаш ба ин вазифаи пурмасъул бо тамоми нерӯ ва қувва кор карда, пайваста баҳри дастгирӣ ба табақаи осебпазири ҷомеа кумак мекард. Он солҳо сараварӣ кардани чунин идораи муҳими давлатӣ кори осон набуд. Зеро Тоҷикистон баъди ҷанги шаҳрвандӣ нав ба роҳи рушд қадам гузошта буд ва мушкилоти зиёди иҷтимоӣ ҳанӯз дар ҷомеа ҷой дошт. Бо вуҷуди ин Шозед Шозедов дар шароити душвор бо тамоми малакаю дониши омӯхтааш кӯшиш мекард, ки ҳар як сокини вилоятро, ки барои мушкилот ба идораи ҳифзи иҷтимоӣ муроҷиат мекард, ноумед насозад. Ӯ то соли 2006 дар ин вазифа кор кард.

        Солҳои 2006-2007 иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Мурғоб низ кор кардааст. Аз соли 2016 то имрӯз ба ҳайси сармутаххасиси шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар ВМКБ фаъолият дорад.

       Ба гуфтаи сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷирати вилоят Мулкамон Каниев, ӯ як шахси меҳнатдӯст ва вазифаи ба зимма доштаашро бо дилу ҷон иҷро мекунад. Аз ҳама пеш ба кор меояд ва охирон аз кор меравад. Рӯзҳое мешавад, ки то дергоҳ дар идора ба кор банд аст.

      Барои хизматҳои шоистааш дар рушди соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилоят бо чандин ифтихорнома ва сипосномаҳо қадр гардидаст.

      Соли 1999 аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо медали сарисинагии «Аълочии ҳифзи иҷтимоӣ» қадр гардидааст. Инчунин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ хизматҳояшро ба назар гирифта соли 2000 бо «Ифтихорнома» қадрдонӣ намуд.

       Дар 60-соли умри худ тавонист софдилона барои халқу ватанаш хизмат намояд.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо