Самараи корбарии дуруст

[:tj]            Бо мақсади санҷиши рафти баргардонидани қарзҳои имтиёзноки муҳлаташон баанҷомрасида аз ҷониби муҳоҷирони дохилӣ ва экологӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд давоми моҳҳои ноябр – декабри соли 2017 гурўҳи кории Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд дар асоси хулоса ва пешниҳодҳои гурўҳи санҷишӣ ҷиҳати саривақт баргардонидани қарзҳои имтиёзнок Ситоди вилоятӣ таъсис дод.

Бахши муҳоҷирати дохилӣ ва экологии Раёсат дар ҳамкорӣ бо шуъбаю бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳо аз оғози соли равон дар байни муҳоҷирони дохилию экологӣ корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ мондаанд.

Натиҷаи корбарии дуруст буд, ки ба ҳолати 5 феврали соли ҷорӣ аз ҷониби муҳоҷирони дохилию экологӣ аз рўи муқаррарот 50 %-и маблағи қарзҳои имтиёзноки гирифтаашон ба андозаи 127 500 сомонӣ ба хазинаи давлат баргардонида шуд.

Тибқи нақшаи Раёсат дар ин самт корҳо идома дошта, то охири соли равон маблағи қарзҳои имтиёзноки муҳлаташон баанҷомрасида пурра баргардонида мешаванд.

                                                               Раёсати ХМ дар вилояти Суғд[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо