[:tj]
Гурўҳи кори Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар ҳайати мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд ва истгоҳи роҳи оҳан Алишер Хидиров, мутахассиси собиқадор ва бо таҷрибаи шуъбаи муҳоҷирати меҳнатии Раёсат Абўбакр Ибрагимов ва мутахассиси пешбари бахши муҳоҷирати дохилӣ ва экологии Раёсат Диловар Муродов дар корхонаҳои муштарак ва ширкатҳои бо ҷалби қувваи кори хориҷӣ фаъолиятбарандаи водии Зарафшон вобаста ба риояи ҳуқуқҳои коргарон аз ҷониби кордиҳандагон ва қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар истеҳсолот санҷиши назоратӣ гузаронид. Ҳамзамон рафти татбиқи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро вобаста ба муҳоҷирати дохилӣ (ихтиёрӣ) ва экологӣ мавриди санҷиш қарор дода шуд.
Санҷиши назоратӣ нишон дод, ки ҶДММ КМ «Зарафшон»-и шаҳри Панҷакент бо Иҷозатномаи Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон №606, аз 22.04.2016 барои ҷалби 225 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии халқии Хитой иҷозати расмӣ дорад. Дар корхона айни замон 2152 нафар коргарон фаъолият менамояд. Аз ин шумора 2057 нафар коргарони маҳаллии ба таври доимӣ, 28 нафар ба тариқи шартномаи мўҳлатнок фаъолиятбаранда ва 67 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии халқии Хитой мебошанд. Бо ибораи дигар коргарон аз ҳисоби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон 97% ва аз ҳисоби шаҳрвандони хориҷӣ 3%-ро ташкил медиҳад.
Дар ҶДММ КМ «Зарафшон» мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи меҳнат» ҳамасола санҷиши бехатарии меҳнатии кормандон ва ҳамарўза пеш аз саршавии кор аз тарафи роҳбарони мутасаддии шуъбаҳо омўзиши бехатарӣ ба таври хаттӣ гузаронида мешавад. Дар ин радиф ҳар семоҳа шарҳи дастурамал оид ба бехатарӣ роҳандозӣ мегардад. Корхонаи муштарак аз ҳисоби худ кормандонро бо лисбосу пойафзоли кори муҳофизавӣ, шир ва хўроки яқвақта ройгон таъмин менамояд.
ҶДММ «ТВЕА» дар ноҳияи Айнӣ тибқи Иҷозатномаи Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон №974, аз 18.10.2016 барои ҷалби 2000 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии халқии Хитой иҷозати расмӣ дорад, ки муҳлати амали ин иҷозатнома то 18.10.2021 аст. Айни замон дар шикати мазкур 37 нафар кор мекунанд, ки аз онҳо 27 нафарашон шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон (63%) ва 10 нафарашон шаҳрванди Ҷумҳурии халқии Хитой (37) мебошанд. Ширкат ҳоло барои роҳандозии коркарди тилло дар ноҳияи Айнӣ омодагӣ дида истодааст. Баъди анҷоми корҳои омодагӣ асосан сокинони маҳаллӣ ба кор қабул карда хоҳанд шуд.
Ҳангоми санҷишҳои назоратӣ дар ширкатҳое, ки бо ҷалби қувваи кори хориҷӣ фаъолият мебаранд, гурўҳи кори Раёсат оид ба риояи ҳатмии таносуби 80 бар 20 дар мавриди қабули шаҳрвандон ба кор ба роҳбарият дастур дод.
Ноҳияи баландкўҳи Айнӣ дар вилояти Суғд аз ҷумлаи ноҳияҳои асосии интиқолдиҳандаи муҳоҷирони дохилию экологӣ мебошад. Сокинони ноҳия асосан ба ноҳияи Зафаробод ва вилояти Хатлон муҳоҷир карда мешаванд. Гурўҳи корӣ рафти татбиқи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба муҳоҷирати дохилӣ (ихтиёрӣ) ва экологӣ, ҳамчунин ҳолати таъмин намудани муҳоҷирони дохилию ихтиёрӣ бо қитъаи замин, қувваи барқ, оби нўшокию полезӣ, бунёди муассисаҳои маорифу тандурустӣ ва ба вуҷуд овардани инфрасохторро омўхта, оид ба ислоҳ ва бартараф кардани камбудию норасоиҳои ҷойдошта ба шахсони масъул дастуру маслиҳат дод.
Тибқи нақшаи кори Раёсат барои нимсолаи аввали соли равон чунин санҷишҳои назоратӣ дар дигар шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла Гулистон, Бўстон, Конибодом, Исфара, Истиқлол, Кўҳистони Мастчоҳ, Бобоҷон Ғафуров, Спитамен, Ҷаббор Расулов ва Зафаробод низ гузаронида мешаванд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират
дар вилояти Суғд[:]