Санҷиши назоратӣ дар коргоҳҳои водии Зарафшон

[:tj] 

Тавре маълум аст, як самти фаъолияти сохторҳои зертобеи Хадамоти муҳоҷиратро гузаронидани санҷишҳои назоратӣ дар корхонаҳои муштарак ва ширкатҳои бо ҷалби қувваи хориҷӣ фаъолиятбаранда ташкил медиҳад. Мақсад аз ин гуна санҷишҳои назоратӣ ва амалиётҳои муштарак таҳти унвони шартии “Нелегал”, пеш аз ҳама, пешгирии қонуншиканӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ, ҳамзамон танзими муҳоҷирати меҳнатии онҳо дар қаламрави кишвар аст.

Маҳз бо ҳамин мақсад гурўҳи кории Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар ҳайати сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд ва истгоҳи роҳи оҳан Алишер Хидиров ва сармутахассиси шуъбаи муҳоҷирати меҳнатии Раёсат Фаррух Самадов дар Ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди “Корхонаи муштараки Зарафшон”, воқеъ дар шаҳри Панҷакент ва “ТВЕА”, воқеъ дар ноҳияи Айнӣ санҷиши назоратӣ гузарониданд.

Маълум шуд, ки айни замон тибқи Созишномаҳои байниҳукуматӣ ва квотаи муқарраргардида дар ҶДММ “Корхонаи муштараки Зарафшон”75 ва дар ҶДММ  “ТВЕА” 67 нафар мутахассисону коргарон аз Ҷумҳурии мардумии Чин фаъолият мебаранд.

Гурўҳи корӣ расмиёт ва ҳуҷҷатгузории муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони хориҷиро мавриди санҷиши назоратӣ қарор дода, бо роҳбарияти ин коргоҳҳо вохўрд ва дар байни кормандон корҳои фаҳмондадиҳӣ бурд. Санҷиши назоратӣ ва таҳлили гузаронидашуда нишон дод, ки бинобар мунтазам бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ вақтҳои охир шаҳрвандони хориҷӣ камтар ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ роҳ медиҳанд ва будубоши онҳо аз ҷониби роҳбарияти корхонаҳояшон ҳам сахт назорат мешавад. Зимни санҷиши назоратӣ ягон ҳолати ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз ҷониби шаҳрвандон ба қайд гирифта нашуд.

Аъзои гурўҳ ҳангоми суҳбат бо роҳбарият ҳамзамон масъалаи ташкили обуна ба рўзномаи “Шуғл ва муҳоҷират”-ро баррасӣ карданд.

Мардон ҚУРБОНОВ[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо