[:tj]Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Хуҷанд ҳолати иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02.11.2013, №474 ва аз 26.11.2016, №506-ро вобаста ба муҳоҷирати экологии шаҳрвандон мавриди санҷиш қарор дод.
Мувофиқи қарори якум давоми солҳои 2014 – 2016 12 оила ва дар асоси қарори дуюм дар соли 2017 3 оила бояд ҳамчун муҳоҷири экологӣ ба ҷойҳои бехавф кўчонида мешуданд.
Санҷиш нишон дод, ки аз 12 оилаи кўчонидашавандаи солҳои 2014 – 2016 6 оила сохтмони хонаҳои истиқоматиро пурра ба анҷом расонидаанд. Оилаҳои боқимонда таҳкурсӣ омода намуда, девор бардоштаанд. Се оилаи муҳоҷирони экологии соли 2017 ҳам барои бунёди манзили истиқоматӣ таҳкурсӣ рехтаанд ва ният доранд, ки соли ҷорӣ девори хонаҳои навро ҳам бардоранд.
Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират
дар шаҳри Хуҷанд
[:]