Санҷишҳои назоратӣ дар шаҳру ноҳияҳо

[:tj]Аз 15 то 23 майи соли равон дар қаламрави вилояти Суғд ҳам марҳилаи якуми чорабиниҳои фаврӣ – профилактикӣ ва амалиёти махсус бо номи шартии «Нелегал – 2018» ҷараён гирифт. Бояд гуфт, ки дар он ба ғайр аз кормандони дастгоҳи Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мудирону кормандони шуъбаю бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳо низ фаъолона иштирок намуданд.

Дар муқоиса бо баъзе шаҳру ноҳияҳои саноатии вилоят дар шаҳри Истаравшан шумораи ночизи шаҳрвандони хориҷӣ фаъолияти меҳнатӣ мебаранд. Вале аз ин шаҳри бостонӣ ҳамасола сайёҳони зиёд дидан мекунанд ва аз Истаравшан роҳи транзитии аҳамияти байналмилалӣ дошта мегузарад.

Бо назардошти ин, дар доираи амалиёти махсус ва чорабиниҳои фаврӣ – профилактикӣ бахши Хадамоти муҳоҷират дар ҳудуди бозору фурўшгоҳҳо, меҳмонхонаҳо, боғҳои фарҳангию истироҳатӣ, ҷойҳои ҷамъшавии зиёди одамон ва ҷамоатҳо як ширкат ва 12 нафар шаҳрвандони хориҷӣ аз кишварҳои Чин, Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбекистон мавриди санҷиш қарор гирифтанд.

Ҳамин гуна санҷиши назоратӣ дар як қатор корхонаҳои шаҳри Истиқлол, аз ҷумла ҶДММ «Ширкати идораи минтақаи саноатии Тоҷикистону Хитой», ҶДММ «Енси зиен» ва «Савсан – 2017» низ гузаронида шуданд. Ёдовар мешавем, ки дар коргоҳҳои мазкур асосан шаҳрвандони Ҷумҳурии Мардумии Чин фаъолият мебаранд.

Бо ҷалби 5 нафар мутахассисони хориҷӣ, аниқтараш шаҳрвандони ҳамин ҷумҳурӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ҶДММ «Ли – Мин» фаъолият менамояд ва ба истеҳсоли хишт аз ашёи хоми маҳаллӣ машғул аст. Дар доираи чорабиниҳои фаврӣ – профилактикӣ ва амалиёти махсус гурўҳи санҷишии бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия ҳолати риояи қоидаҳои будубош дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз ҷониби онҳо мавриди санҷиш қарор дод. Дар ин радиф гурўҳи санҷишии бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Спитамен ҳам дар коргоҳи мутахассисони хориҷӣ – филиали Корпоратсияи роҳи оҳани Чин санҷиши назоратӣ гузаронд.

Чунин санҷишҳо давоми рўзҳои 15 – 23 май дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят низ гузаронида шуданд.

                                                                              Раёсати Хадамоти муҳоҷират                                                                                                дар вилояти Суғд[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо