Сафарбаркунии ду гурӯҳ дар як рӯз

[:tj]Ҳафтаи равон дар самти сафарбаркунии муҳоҷирони меҳнатӣ аз қаламрави вилояти Суғд тариқи субъектҳои хоҷагидор ба Федератсияи Русия ҶС “Иттиҳодияи автовокзалҳо” пешсафӣ зоҳир намуд.

26 сентябр ширкати мазкур 25 нафар муҳоҷирони меҳнатиро дар ҳайати 2 гурӯҳ ба шаҳрҳои Москва (10 нафар) ва Красноярск (15 нафар) сафарбар кард. Ин муҳоҷирони сафарбаргардида сокинони минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон буда, мӯҳлати муҳоҷирати онҳо 1 сол пешбинӣ шудааст. Тавре ки сардорони гурӯҳҳо Санавбар Устобоева ва Аюбҷон Баротов иттилоъ доданд, вазифаи ёфтани ҷойи кор ва истиқомат ба зиммаи худи муҳоҷирони меҳнатӣ аст.

Дар ин радиф 25 сентябри соли равон ҶСК “Нақлиёт” 4 нафар муҳоҷирони меҳнатиро дар шаҳри Санкт-Петербург бо ҷойи кор таъмин намуд. Тибқи шартнома мӯҳлати муҳоҷирати онҳо низ 1 сол мебошад.

                                                                       Раёсати ХМ дар вилояти Суғд[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо