[:tj]ҶС “Иттиҳодияи автовокзалҳо” 18 нафар муҳоҷирони меҳнатиро дар ҳайати 1 гурӯҳ ба шаҳри Красноярск сафарбар кард. Ин муҳоҷирони сафарбаргардида сокинони шаҳру ноҳияи Панҷакент ва Бобоҷон Ғафуров буда, мӯҳлати муҳоҷирати онҳо 1 сол пешбинӣ шудааст.
Тавре ки сардорони гурӯҳ Аюбҷон Баротов ва соҳиби нақлиёти шахси Муслима Абдуҳамитова иттилоъ доданд, вазифаи ёфтани ҷойи кор ва истиқомат ба зиммаи худи муҳоҷирони меҳнатӣ аст. Ҳамчунин ин субъекти хоҷагидор масъулияти расмикунонии ҳуҷҷатҳои муҳоҷирони меҳнатиро ба зимма надорад.
Ҳангоми гусели муҳоҷирон кормандони Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда, ба муҳоҷирони меҳнатӣ қоидаҳои муҳоҷирати бехатарро фаҳмониданд.
Раёсати ХМ дар вилояти Суғд[:]