[:tj]Сафарбаркунии навбатии муҳоҷирони меҳнатӣ аз вилояти Суғд дар мувофиқа бо Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ин навбат низ аз тарафи ҶДММ “Суғдиён Помир тур” роҳандозӣ гардид.
Ширкати мазкур 17 ва 20 июл дар ҳайати ду гурўҳ 35 нафар муҳоҷирони меҳнатиро ба шаҳри Оренбурги Федератсияи Россия сафарбар кард.
Дар ин радиф 23 июл аз ҷониби ҶДММ “Мирзо ва К” 57 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ ба ноҳияи Дмитрови вилояти Москва гуселонида шуданд. Онҳо дар он ҷо бо ҷойи кори мавсимӣ дар соҳаи кишоварзӣ таъмин карда мешаванд.
Ҳангоми гусели муҳоҷирон кормандони Раёсат дар байни онҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ бурданд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират
дар вилояти Суғд
[:]