[:tj]Тибқи мушоҳидаҳо моҳҳои охир аз ҷумлаи субъектҳои хоҷагидори амалкунандаи вилояти Суғд дар самти сафарбаркунии муҳоҷирон ба хориҷа ҶДММ “Суғдиён Помир Тур” аз ҳама бештар фаъолнокӣ зоҳир менамояд.
Аз ҷумла 30-юми июл гурўҳи навбатии муҳоҷирон дар мувофиқа бо Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд аз ҷониби ин ширкат ба шаҳри Оренбурги Федератсияи Россия сафарбар гардиданд.
Ба ҳайати гурўҳ, тибқи иттилои роҳбалад Назира Абдуллоева, 20 нафар сокинони шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Гулистон, Ашт, Бобоҷон Ғафуров, Спитамен, Шаҳритуз, Ҷайҳун ва Қубодиён дохил буданд. Муҳлати муҳоҷирати онҳо аз 3 то 8 моҳ нишон дода шуда, мақсади сафарашон кор мебошад.
Ҳангоми гусел дар байни сафарбаршудагон корҳои фаҳмондадиҳӣ вобаста ба муҳоҷирати бехатар роҳандозӣ гардид.
Мардон Қурбонов
[:]