Сафари кории Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаҳои давлатии таълимии литсейҳои касбии техникии шаҳри Душанбе, навоҳии тобеи ҷумҳурӣ ва ноҳияи Файзобод

[:tj] 

Боздиди корие, ки дар ҳошияи дастуру ҳидоятҳои Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулрӯ Ҷабборзода бо ҳайати ҳамроҳ 8-12 июни соли равон дар раёсат, бахшу шуъбаҳои мақомоти Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, Хадамоти муҳоҷират ва муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбии навоҳии шаҳри Душанбе ва тобеи ҷумҳурӣ ҷараён дошт, имрӯз дар ноҳияи Файзобод бо таъмини ашёву воситаҳои таълимӣ ба литсейи касбӣ-техникии ин минтақа анҷом ёфт.

Бояд гуфт, зимни сафари корӣ вазир нахуст ба масъалаи зарурати пешрафти илм, бахусус вобаста ба Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ эълон шудани солҳои 2020-2040 ва пешрафти илмҳои номбурда дар муассисаҳои таълимии системаи вазорат таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда, таҳияву тасдиқи нақшаи чорабиниҳои созандаву муассири амалро барои соли хониши нав зарур шуморид. Дар ин радиф аз ашёву барномаҳои навини таълимӣ, китобхона, синфхона, устохона, озмоишгоҳҳо ва таъмину ҳолати дастгоҳу таҷҳизоти мавҷудаи филиалҳои Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон ва муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ дидан карда, бо такя аз суханони Пешвои муаззами миллат, ки фармудаанд: «халқи тоҷик аз қадим ба илм ва таълиму тарбия эҳтироми хос дошт ва дар тӯли таърих нобиғаҳое ба дунё овард, ки дар рушди илми ҷаҳонӣ ҳиссаи бузург гузоштаанд», ба роҳбарону масъулин дастуру супоришҳои мушаххас ироа намуд.

Дар ин замина гуфта шуд, ки «Бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат барои пешрафти илм ва густариш пайдо кардани фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ шароити мусоид фароҳам омада, тамоми монеаву маҳдудиятҳои сунъӣ, ки дар замони то истиқлолият мавҷуд буданд, бартараф карда шудаанд. Дар ин баробар моро зарур аст, ки бо мақсади мусоидат ва тадбиқи ҳадафҳои Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030, аз ҷумла ҳадафҳои марбут ба рушди неруи инсонӣ, соҳибкасб намудани аҳолӣ, бахусус ҷавонони бекасби аз 18-сола боло, ки барномаи дигари боздиди кории моро ташкил медиҳад, масъулияти баланди шаҳрвандӣ эҳсос намоем ва баҳри пиёда сохтани нақшаҳои бузургу созандаи Пешвои муаззами миллатамон тамоми саъю кӯшишамонро равона созем».

Ҳангоми бозидиди корӣ вазир ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта дар фаъолияти муассисаҳои давлатии таълимӣ аз ҷумла, бо назардошти талаботи руҳафзуни бозори меҳнати ҷаҳонӣ ба кадрҳои баландихтисос барои таҳияву омода намудани нақшаву барномаҳои наву муосири таълимӣ, бо китобу дастурҳои касбӣ таъмин намудани муассисаҳо, ба дараҷаи баланд ва дар сатҳи байналмилалӣ омода намудани кадрҳои баландихтисос, омӯзиши сифатноки касбҳои замонавӣ ва рақобатпазир будани мутахассисон дар бозорҳои меҳнат ва ғайра ба директорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва филиалҳои марказҳои таълими калонсолон дар ин ноҳияҳо дастурҳои мушаххас доданд.
Бояд ёдовар шуд, ки дар боздиди панҷрӯзаи корӣ Гулрӯ Ҷабборзодаро роҳбарон ва масъулини сохторҳои вазорат ҳамроҳӣ намуда, бобати ҳалли масоили ҷойдошта ва ба соли нави таҳсил ҳамаҷониба омода намудани муассисаҳои таҳсилоти касбӣ супоришҳои дақиқу амиқ гирифтанд.

                                                                 Раёсати муносибатҳои байналмилалӣ

                                                                      ва робита бо ҷомеаи ВММША ҶТ[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо