Сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Гурӯҳи кории Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 май соли равон ҷиҳати бурдани корҳои фаҳмондадиҳиву иттилоотӣ оид ба фаҳмонидани муҳтавои фармони Президенти Федератсияи Россия “Дар бораи чораҳои ҳуқуқӣ оид ба танзими вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар давраи пандемияи COVID -19” аз 18 апрели 2020, №274, пешгири аз шомилшавии муҳоҷирон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва тундрав, пешгирӣ аз сироятёбӣ ба бемориҳои сироятӣ ба монанди ВНМО, шиносоӣ бо масъалаи иқлим ва корбарӣ дар самти муҳоҷирати дохилӣ (ихтиёрӣ) ва экологӣ, боздид аз шароити кории кормандони шуъба ва бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар ВМКБ ва дар доираи имкониятҳои мавҷуда таъмин намудан бо шароити мувофиқ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафари корӣ намуданд.

19 майи соли равон нахустин вохӯрии гурҳи корӣ бо сокинони деҳаи Курговади ҷамоати деҳоти Вишхарви ноҳияи Дарвоз бо иштироки аҳолии деҳаи мазкур баргузор гардид.

Дар вохӯрии мазкур Муовини якуми Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Раҳмонзода Абдулғаффор суханронӣ карда, муҳтавои фармони Президенти Россия дар хусуси барасмиятдарории фаъолияти муҳоҷирони меҳнатӣ ва масъалаи буду боши онҳо дар кишвари қабулро шарҳ доданд.

Ҳамзамон, Сардори Хадамоти муҳоҷират Каримзода Тоҳир баромад намуда, ёдовар шуданд, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки айни замон дар қаламрави кишвари Россия қарор доранд ва бо сабабҳои гуногун дар қайди муҳоҷиратӣ худро нагузоштаанд, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва ҳуқуқвайронкунии дигар доранд бояд ба шуъбаҳои ноҳиявии муҳоҷирати ВКД ФР дар маҳалли зисташон ҳозир шуда, худро ба қайд гиранд ва буду боши худро тамдид намоянд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ ҳайати гурӯҳи корӣ ба саволҳои ҳозирон посухҳои мушаххас доданд.

Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо маром идома дорад.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо